Sebiston new 2024 october
Соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион мерасад?
823

 Афзоиши аҳолӣ дар кишвари мо бо суръатихеле баланд ҷараён дорад. Танҳо дар 6 моҳи сли равон дар Тоҷикистон 111 ҳазору 500 кӯдак ба дунё омадааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6% бештар аст. Ин нуктаро вазири адлияи кишвар Музаффар Ашӯриён баён намуда, таъкид кард, ки дар соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар хоҳад расид.

Ашӯриён мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо афзоиши шумораи таваллуд теъдоди ками фавт ба қайд гирифта шудааст.

Музаффар Ашӯриён дар такя ба арқом гуфт, дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5% камтар аст.

Дар маҷмӯъ дар 30 соли охир аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион ба 9,8 миллион нафар расида, 1,8 баробар зиёд шудааст. Интизор меравад, ки дар соли 2022 аҳолиикишвар ба 10 миллион нафар мерасад.

Вазир дар мавриди сабабҳои боло рафтани давомнокии умри инсон дар Тоҷикистон ибрози андеша намуда гуфт:

«Ин аз тамоюли мусбат ба рушди иқтисод, коҳиши маргу мири кӯдакон ва аҳолии қобили меҳнат, коҳишёбии истеъмоли машрубот ва тамоку, муборизаи муваффақона бо бемориҳои дилу раг ва кам шудани куштору худкушӣ вобаста мебошад.»

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД