Шуруъ аз 18 октябр як қисмати шаҳри Душанбе, яъне ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо оби гарми қубурӣ таъмин гардид. Дар ин хусус Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе хабар дод.
Ба иттилои Марказ, шоҳқубурҳои марказҳои барқу гармдиҳии шаҳри Душанбе аллакай бо об пур шуда, барои пурра таъмин намудани 4 ноҳияи шаҳри Душанбе бо оби гарм муҳлати муайян, яъне марҳила ба марҳила зарур аст.
«Марказҳои барқу гармидиҳии № 1 ва 2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои ғарбию шарқӣ ҳоло пурра омодаи кор мебошанд. Тамоми корҳои таъмирӣ дар таҷҳизоти асосии ёрирасон аллакай ба анҷом расонида шудаанд», - иттилоъ дод манбаъ.
Тавре ки қаблан хабар додем, бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нимаи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон ҳавои хушк ва дар нимаи дуюми он ҳавои номусоид, пастшавии ҳарорат ва ба амал омадани борон дар назар аст. Ҳавои моҳи октябри имсола ба обу ҳавои моҳи сентябри соли 2022 монанд мешавад.
«Пеш аз он ки мо шоҳқубурҳоро бо об пур намоем, аввал ҳар як муассисаи давлатии шабакаҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва масъулини ҳар ноҳияро хабардор менамоем, ки шаҳрвандонро огоҳ созанд, то агар нуқтае таъмирталаб бошад, омодагӣ дида, онро дуруст намоянд. Дар ҳамин замина бояд гӯям, ки то сипарӣ гардидани мавсим мо бо шабакаҳои гармидиҳӣ зич ҳамкорӣ намуда, ҳангоми ба амал омадани садама фавран онро бартараф месозем», - иттилоъ дод манбаъ.