Сокини Душанбе бо гумони қаллобӣ боздошт шуд
63

Кормандони милитсия ҷавонмарди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе Аҳмадзода Сунатуллоро бо гумони қаллобӣ дар ҳаҷми махсусан калон боздошт намудаанд.

Тибқи иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, кирдорҳои қаллобонаи номбурда дар натиҷаи санҷиши муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур ошкор карда шудаанд.

“Дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян карда шуд, ки Аҳмадзода С. бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандон даромада, аз якчанд нафар ба таври ғайринақдӣ воситаҳои нақлиёти гуногунтамға гирифта, маблағҳои онҳоро бозпас надодааст. Суннатулло Аҳмадзода ҳамчунин аз як шаҳрванд бо баҳонаи ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ кардани манзили истиқоматӣ беш аз 17 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, пулро ба манфиати худ сарф намудааст”,- навиштааст манбаъ.

Дар хабар ҳамчунин омадааст, ки гумонбаршаванда тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бозии бурднок гузаронида, дар чандин маврид ҷоизаҳои бурдкардаи шаҳрвандонро надодааст.

Айни замон нисбати Аҳмадзода С. тибқи моддаи 247, қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфтааст.

Аз шаҳрандон хоҳиш карда мешавад, ки агар мавриди фиреби ин шахс қарор гирифта бошанд, тавассути рақамҳои (+992)018020202 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД