Кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-профилактикӣ шаҳрванд Абдуллоева Заҳро, сокини 54-солаи шаҳри Душанберо барои машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дастгир намудаанд.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, муайян карда шудааст, ки номбурда аз соли 2013 инҷониб бо баҳонаи фолбинӣ, кушодани бахт, бартараф намудани мушкилоти рӯзгор ва анҷом додани амалҳои гуногуни сеҳру ҷоду аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ ба даст меовардааст.
Зимни санҷиш аз ӯ миқдори зиёди ашё ва лавозимоти барои анҷом додани амалҳои фолбинӣ ва сеҳру ҷоду истифодашаванда дарёфт ва мусодира карда шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Абдуллоева Заҳро тибқи талаботи моддаи 482-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин гардидааст.