Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии 70 солагии Водии Вахш, ки дар маркази вилояти Хатлон ҷойгир аст, Форуми байналмиллалии содиротии “Бохтар Фуд 2022” , бо иштироки зиёда аз 300 нафар роҳбарону масъулини мақомоти давлатии соҳавӣ, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон намояндагони шарикони рушд ва бахши хусусӣ, роҳбарон ва аъзои ширкату корхонаҳои дохиливу хориҷӣ баргузор гашт.
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар суханронии хеш, ки дар толори Қасри фарҳангӣ ноҳия баргузор гашт, қайд кард, ки бо мақсади рушду тақвият бахшидани фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагон коркард ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, мусоидат ба афзоиши содирот маротибаи дуюм аст, ки форуми байналмилалии содиротии “Бохтар Фуд-2022” дар вилояти Хатлон баргузор мегардад.
Ҳамчунин, номбурда илова кард, ки нишондиҳандаи маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 20,7 миллиард сомонӣ баробар буда, дар ҳамаи бахшҳо дар вилоят зиёда 1 миллион тонна ғалладонагиҳо, наздики 2060 миллион тона сабзавот, 645 000 тонна полезӣ, 214 000 тонна картошка, 270 000 тонна пахта, 216 000 тонна меваҷот ва 108 000 тонна ангур истеҳсол шудааст.
Дар доираи форуми мазкур як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба маблағи 19 миллион доллар ба нақша гиирифта шуд, ки он ба содироти маҳсулоти ватанӣ ва баромадан ба бозорҳои нави фурӯши маҳсулот мусоидат мекунад.
Лозим ба ёдоварист, ки маротибаи дуюм аст, ки форуми байналмилалии содиротии “Бохтар Фуд-2022” дар вилояти Хатлон баргузор мегардад, ки бо ин роҳ метавон маҳсулоти кишоварзии кишварамонро ба давлатҳои хориҷи дунё содирот намуд.