Саломи худро ба кулли ҳаводорони ҳафтаномаи “Оила” мерасонам. Ман яке аз мухлисони ашаддии ситораи Инстаграмм бонуи зебову моделери шинохта Рухшона Каримова ҳастам, ки бо тахаллуси Софи машҳур аст.
Ростӣ, чанд муддат дар муҳоҷират қарор доштаму дигар натавонистам саҳифаи шахсии ин паричеҳраро пайгирӣ намоям. Чанд рӯз қабл дидам, ки Софи фарзанд ба дунё овардаву модару хушдоманаш ӯро табрик мекунанд. Ростӣ, маро як чиз ба тааҷуб овард, Софи фарзанди якумашро ба дунё овард ё дуюмашро?
Бунафша.
Посух
Номи Софи ба муштариёни шабакаи иҷтимоии Инстаграм хеле ошност. Ин бонуи фариштарӯ, ки дар асл Рухшона Каримова ном дошта, яке аз моделерони шинохтаи тоҷик ба шумор меравад, дар шабакаи Инстаграмбеш аз 276 ҳазор обуначӣ дорад. Зиндагии шахсии Софи ва шавҳараш Умед барои обуначиёнаш чунон ҷолиб аст, ки ҳар қадами ӯро пайгирӣ намуда, дар шодиву нишоташ ҳамроҳ ҳастанд. Дар ҳақиқат Софи 20 рӯз қабл соҳиби шоҳписар шуд, ки ба ӯ Умайр ном гузоштанд. Умайр фарзанди дуюми Софи ва Умед буда, ин ҷуфти хушбахт ду сол қабл соҳиби як писари дигар гашта буданд, ки Муҳаммад Алӣ ном дорад.