arzon replenishment
Собиқадори матбуот Расули Носир 90-сола шуд
187

Расули Носир яке аз журналистони соҳибтаҷрибаву муваффақест, ки солҳои сол дар соҳаи матбуот фаъолият намуда, тамоми истеъдоду маҳорат ва таҷрибаву малакаи хешро баҳри тарбияи маънавии ҷомеа бахшидааст. Ӯ аз рӯзҳои нахусти фаъолияти рӯзноманигорӣ ҳамчун қаламкаши созанда байни аҳли қалам ва хонандагони газета маҳбубият пайдо кард.

Расул Носир 20-уми майи соли 1935 дар оилаи ҳунарманди шаҳри Истаравшан таваллуд шуда, ба камол расидааст. Ӯ аз овони наврасӣ пайваста рӯзномаву маҷалла мутолиа мекарду орзу дошт оянда дар соҳаи журналистика фаъолият намояд. Мавсуф аз наврасияш бо рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ", "Роҳи коммунизм", маҷаллаи "Занони Тоҷикистон" ва дигар нашрияҳо ҳамкорӣ дошту пайваста мақолаҳояш нашр мешуданд.

Собиқадори соҳаи матбуот Расули Носир муддате дар рӯзномаи "Набзи Деваштич" ва сипас тӯли 45 сол дар рӯзномаи "Паёми Истаравшан" дар вазифаҳои гуногун фаъолият намуд. Ӯ дар давраи фаъолияти меҳнатиаш ҳазорҳо мақола ва даҳҳо қиссаву ҳикоя эҷод кардааст.

Расули Носир ҳамчун қаламкаши созанда дар жанрҳои ҳаҷв, памфлету фелетон мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ эҷод мекард. "Насиба", "Хонадомод", "Худам шоҳу табъам вазир", "Раис мерақсад" ва даҳҳои дигар намунаҳои нигоштааш мебошанд.

Ӯ бештар мавзуҳои мубрами рӯзро зери таваҷҷуҳ қарор медод, ба ин васила мехост камбудиҳои ҷомеа бартараф гарданд. Ин журналисти ҳирфаӣ дар баробари ошкори камбудӣ ҳамзамон чораҳои ислоҳи онро пешниҳод менамуд.

Журналисти маъруфи Истаравшан Расули Носир дар ҳама давру замон, новобаста аз вазъу шароит рисолати касбии хешро бо сари баланд ба ҷо овардааст. Мавсуф аз соли 1975 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Хизматҳои шоиставу шоёни Расул Носир борҳо бо сипосномаву ифтихорномаҳои МИҲД-и шаҳру вилоят, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, матбааи шаҳр ва ғайра қадр гардида, ҳамзамон бо нишони "Аълочии матбуоти Тоҷикистон" мукофотонида шудааст.

Имрӯз ин марди накӯхислат, қаламкаши матбуот ва яке аз собиқадорони ин соҳа 90-солагияшро таҷлил менамояд. Ӯро бо рӯзи мавлудаш самимона табрик менамоем. Барояш тандурустиву офият, дар рӯзгораш файзу нишот ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

Ахтари толеъи ту рахшанда бод,

Ханда ба лабҳои ту поянда бод.

Шод бимон, шод бизӣ, шод бош,

Хушдилу фархундаву озод бош.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД