arzon replenishment
СИТОРАҲОИ УЗБЕК БА ТОҶИКИСТОН ОМАДАНД
1739


Шоми 10-июн Кохи Борбад ба як базмгоҳи шоҳона табдил хоҳад ёфт. Дар ин саҳнаи муқаддас бо иштироки сарони ду давлати дӯсту ҳамсоя, президент ва Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев барномаи рангини ҳунарӣ бо унвони “Шоми дӯстӣ” баргузор мешавад.

Ба хотири ширкат дар ин маҳфили зебои фарҳангию ҳунарӣ аллакай беш аз 100 нафар ҳунармандони машҳури ӯзбек ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Дар ин бора Спутник хабар додааст.

Дар консерти “Шоми дӯстӣ” Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Озодбек Назарбеков, Нигина Амонқулова, Муҳаммадрафии Кароматулло, Ситораи Кароматулло ва дигар устодону ситораҳои санъати ду кишвар иштирок намуда, бо таронаҳои марғуби хеш ин базми шоҳонаро тарабобод хоҳанд кард.
Дар маҷмӯъ дар консерти устодони санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳудуди 250 нафар ҳунармадон, аз ҷумла гурӯҳи мақомсароён, ансамблҳои рақсии “Узбекистон” ва “Тошкент зеболари” иштирок ва ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҳунармандони ӯзбекро, ки бо сарварии Вазири фарҳанги Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков ба Душанбе ташриф оварданд, дар майдони ҳавоии пойтахт вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давалатзода ва муовини аввали вазири фарҳанг Обид Назариён пешвоз гирифтанд. Айни замон омодагиҳо ба консерти муштараки санъакорони тоҷик ва узбек идома доранд.

Ёдрас мешавем, ки ин барнома бо иштироки сарони ду давлат баргузор гашта, хеле пуршукӯҳ ва бо ҳашаммат хоҳад гузашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД