Arzon march 2024
Ситораҳо консерти ройгон доданд
638

Имрӯз дар толори Кохи Суруш бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сил бо иштироки ситораҳои санъати тоҷик базми консертӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур ҳам қисмати иттилоотӣ ва ҳам базми консертӣ дошта, вуруд ба толор ройгон буд ва дар дохили толор таҷаммуи зиёди одамон дида мешуд.

Дар он ситораҳои маъруфи санъату ҳунари тоҷик - Нозия Кароматулло, Зайнура Пулатова, Рӯзибеки Файзалӣ, Мино, Ҳабиб Ҳакимов, Искандар Каримов ва ҳаҷвнигори шинохта Муқимҷон Абуфаттоев ҳунарнамоӣ карданд.

Ин чорабинӣ тавассути дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) баргузор мегардад.

Аз идора: Роҷеъ ба ҷараёни ин барномаи консертӣ ва пораи суҳбат бо сарояндагон шуморо дар барномаи "Инстафейс" рӯзи душанбе тариқи ютюб ва шабакаҳои иҷтимоии "Оила" огоҳ мекунем. Интизор бошед

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД