Моҳи шарифи Рамазон моҳи тоату ибодат ва раҳмату мағфират мебошад. Мардуми Тоҷикистон ин моҳро ба ҳайси як моҳи муқаддас, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, эҳтиром мекунанд ва бо меҳру муҳаббат ба Худову Расул ва Каломи шариф аз ин моҳ истиқбол менамоянд. Аз ҳамин ҷост, ки ситораҳои санъату ҳунар низ дар моҳи шарифи Рамазон муваққатан аз эҷоду ҳунарнамоӣ канор рафта, ба тоату ибодат ва хайру саховат машғул мешаванд. Ба саҳифаи чанде аз ситораҳо сар халондем, то аз вазъи рӯзгори рамазонии онҳо огоҳ шуда, шумо-хонандагони азизи ҳафтаномаи “Оила”-ро низ хабардор созем. Инак, ба матлаби зер таваҷҷуҳ намоед.
Нигина Амонқулова, овозхони 35-солаи тоҷик моҳи Рамазонро дар шаҳри Душанбе ҳамроҳи аҳли оила, аз ҷумла писаронаш Аъзамҷону Довудҷон мегузаронад. “Расидани як шоми дигари рамазонӣ муборакатон бод. Рӯзаву дуову саҷдаҳоятон қабули даргоҳи Ҳақ гардад ва зиндагиатон саршор аз ишқу муҳаббат бод”,-навиштааст овозхон дар Фейсбук ва ин моҳи шарифро ба ҳамагон муборакбод гуфтааст.
Садриддини Наҷмиддин, овозхони 41-солаи тоҷик, ки феълан дар шаҳри Торонтои Канада зиндагӣ мекунад, моҳи Рамазонро дар ҳалқаи наздикону пайвандон, аммо дур аз Ватан мегузаронад. Имсол зодрӯзи писари хурдии овозхон Кароматулло, ки дар таърихи 17-уми апрел ба дунё омадааст, ба моҳи Рамазон рост омад. Кароматулло, ки ба хотири Кароматуллои Қурбон номгузорӣ шудааст, имсол 4-сола шуд.
Шабнами Сурайё, овозхони 39-солаи тоҷик қабл аз моҳи Рамазон дар консерти хайриявии “Меҳри дил”, ки аз ҷониби гурӯҳи “IM Group” ташкил ва баргузор шуда буд, ширкат дошт. Маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши чиптаҳои консерт ба даст омад, ба се нафар эҳтиёҷманд хайр карда шуд. Албатта, андаке ҳам бошад, Шабнами Сурайё низ дар ин кори хайр саҳм дорад.
Ҷонибек Муродов, овозхони 34-солаи тоҷик, ки зуд-зуд ба сафарҳои хориҷа мебарояд, моҳи Рамазонро дар Ватан паси сар мекунад. Овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш кулли мардуми мусалмонро аз номи худу маркази продюсерии “JM”, ки ба хонаводаи онҳо тааллуқ дорад, бо моҳи мубораки Рамазон табрик кардааст. Ёдовар мешавем, ки Ҷонибек моҳи декабри соли гузашта бори дувум падар шуд ва духтарчааш Зулайхо ном дорад.
Фарзонаи Хуршед, овозхони 31-солаи тоҷик дар моҳи Рамазон ба тоату ибодат машғул аст. Ӯ дар саҳифаи Инстаграмаш ба мардуми тоҷик чанд маслиҳат додааст. “Кӯшиш кунед, ки дар ин моҳи шарифи Рамазон дили касеро наранҷонед. Мусалмон дар ин моҳи муборак бояд ҳатто хомӯшакро озор надиҳад. Бо кирдор, гуфтор ва рафтори бад дил наранҷонед”,-навиштааст Фарзонаи Хуршед дар Инстаграм.
Валиҷон Азизов, овозхони 38-солаи тоҷик моҳи Рамазонро дар якҷоягӣ бо ҳамсару фарзандонаш мегузаронад. Ӯ аксеро ҳамроҳи фарзанди хурдиаш Юсуфҷон, ки ҳоло 7-моҳа аст, нашр карда, дар ин моҳи муборак ба хонадони кулли тоҷикистониён файзу баракат орзу кардааст. “Моҳи шарифи Рамазон ба кулли ҳамватанони азизам муборак бошад. Орзуи онро дорам, ки файзу баракат дар хонадони ҳар яки шумо арзонӣ бошад”,-навиштааст Валиҷон Азизов.
Зулайхо Маҳмадшоева, овозхони 27-солаи тоҷик ҳанӯз қабл аз оғози моҳи Рамазон, санаи 12-уми апрел ҳамроҳи хола ва фарзандонаш Муҳаннаду Юзорсиф ба Туркия рафта буд ва ҳоло ин моҳи муборакро дур аз Ватан сипарӣ мекунад. Бояд қайд кард, ки Зулайхо Маҳмадшоева дар шаҳри Истанбул хонаи шахсӣ дорад ва зуд-зуд ба он ҷо барои истироҳат меравад.
Ғолибҷон Юсупов, овозхони 40-солаи тоҷик низ чун дигар ситораҳо моҳи Рамазони имсоларо бо оилааш мегузаронад. Овозхон дар саҳифаи Инстаграмаш кулли ҳамватанонро табрик кардааст. “Моҳи шарифи Рамазон муборак, ҳамватанони азиз”,-навиштааст Ғолибҷон Юсупов. Овозхон ба нақша гирифтааст, ки баъди моҳи Рамазон, санаи 23-юми май бо барномаи консертӣ ба Душанбе ояд ва хотири мухлисонашро шод гардонад.
Меҳрнигори Рустам, овозхони 26-солаи тоҷик моҳи Рамазонро дур аз Ватан, дар Амрико пешвоз гирифт. Ӯ, ки корти сабзи Амрикоро ба даст овардааст, зуд-зуд ба ин кишвар сафар мекунад. Овозхон дар Амрико бошад ҳам, урфу одатҳои тоҷикиро фаромӯш накардааст ва зуд-зуд оши палов мепазад. Меҳрнигор низ дар Инстаграм мардуми тоҷикро бо фарорасии моҳи Рамазон табрик кардааст.
Ҷаҳонгир Зарипов, овозхони 30-солаи тоҷик на танҳо дар моҳи Рамазон, балки ҳамеша дар баробари эҷод, пайи тоату ибодат низ ҳаст. Овозхон клиптаронаи “Рамазон”-ашро, ки соли 2018 сабту нашр шуда буд, дубора бознашр карда, ҳамчунин, мухлисонашро бо фарорасии ин моҳи шариф табрик гуфтааст. “Ба якояки шумо моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, азизони дил!”,-навиштааст овозхон дар саҳифаи Инстаграм.
Таҳмина Раҷабова, ҳунарпеша ва коргардони 38-солаи тоҷик дар моҳи Рамазони имсола бо писарчаи худ Холид, ки моҳи феврал ба дунё омада буд, андармон аст. “Хоҷа Сангхок”. Ин қадар ҷои зебо. Таърихаш аҷоиб. Дар ин ҷо бузургворе ҳаст. Яке аз ҳафт бародарони бузург. Албатта, ба ин гуна ҷойҳои бузург ҳатман равед”,-навиштааст Раҷабова дар Инстаграм ва мардуми Тоҷикистонро бо моҳи Рамазон табрик кардааст.
Мансур Нигматов, продюсери 36-солаи тоҷик ва шавҳари овозхон Шабнами Собирӣ дар моҳи Рамазон талаби авфи гуноҳҳояшро кардааст. “Моҳи шарифи Рамазон муборак бошад, дӯстони азиз. Агар кори хато карда бошам ё ягон сухани пасту баланд гуфта бошам, маро бубахшед. Дар ин моҳи бузург Аллоҳ аз ҳамаи шумо розӣ бошад”,-навиштааст Нигматов дар Инстаграм. Мансур ва Шабнам соҳиби се фарзанд мебошанд.
Сарвиноз Юсуфӣ, овозхони 39-солаи тоҷик, ки моҳи феврали имсол модарашро аз даст дода буд, моҳи Рамазонро бо ғаму андӯҳ пешвоз гирифт. “Худоё, дар ин моҳи бузург, дар ин моҳи бахшиши гуноҳҳо, дар ин моҳи пур аз баракату меҳрубонӣ дилҳои моро нарм бисоз, дуоҳои неки моро қабул бифармо, моро ба роҳи рост ҳидоят бинамо, гузаштагони моро тариқаи раҳмату мағфират бигардон ва аз кулли балову офатҳои замона нигаҳ бидор”,-навиштааст Сарвиноз Юсуфӣ.