Formula novemver 2024
СИТОРАИ КИНОИ ҲИНДРО КӢ КОРДБОРОН КАРД?
1810

 

Малвӣ Малҳотра, ҳунарпешаи ҷавони ҳиндро дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон марде бо исми Кумар Маҳипал Сингҳ барои саркашӣ аз издивоҷ бо зарби се корд захмӣ кардааст. Дар ин бора хабаргузории “Hindustan Times” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳунарпеша ҳамлагарро ҳудуди як сол аст, ки мешинохтааст. Санаи 26-уми октябри соли равон мард дар суҳбати рӯ ба рӯ аз Малвӣ хостааст, ки ба ӯ ба шавҳар барояд, вале ҳунарпеша ин таклифро рад карда, ба мард аҳамият надодааст. Дар натиҷа марди ошиқ ба ғазаб омада, ҳунарпешаро бо зарби се корд захмӣ кардаву гӯиё қасд гирифтааст.

Ҳоло хонум Малҳотра дар бемористон буда, табибон вазъи саломатиашро мӯътадил арзёбӣ кардаанд. Полиси Мумбай аз пайи таҳқиқи ин ҳодиса аст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД