Commerce bank may-june 2026
Ситораи Кароматулло аз Форуми байналмилалии санъати мақом бо ҷоиза ба Ватан баргашт
124

Ҳунарманди ҷавон ва булбуловози тоҷик Ситораи Кароматулло аз cеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом бо ҷоиза ба Ватан баргашт.

Аз 23 то 27-уми июни соли равон дар вилояти Намангони Ӯзбекистон таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва Созмони маориф, илм ва фарҳанги исломӣ сеюмин Форуми байналмилалии санъати мақом баргузор гашт, ки дар он намояндагони 80 кишвари олам иштирок доштанд.

Дар доираи форум конфронси илмӣ-амалии "Тамоюлҳои нав дар мақоми шарқӣ: ҳамоҳангии анъана ва навоварӣ" бо иштироки зиёда аз 100 нафар мусиқишиносон, таърихшиносони санъат ва олимони машҳур аз 50 кишвар баргузор гашта, ҳамчунин байни ҳунармандон аз 18 кишвар озмуни беҳтарин таронаҳои шашмақом доир гардид.

Ғолибони озмун бо дипломҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ҷоизаи асосӣ 15 ҳазор доллар буда, барои ҷойи аввал 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм 7 000 доллар ва ҷойи сеюм 5 000 доллар мукофоти пулӣ муқаррар гашта буд.

Аз ҷониби масъулини чорабинӣ ҳамчунин ҷоизаҳои махсуси иловагӣ дар бахшҳои "Беҳтарин сарояндаи мақом", "Беҳтарин навозандаи мақом", "Беҳтарин устоди мақом", "Беҳтарин маъруфкунандаи мақом", "Беҳтарин иҷрокунандаи ҷавони мақом" ва "Беҳтарин оҳангсози мақом" тақдим карда шуданд.

Сарояндаи ҷавон ва боистеъдоди тоҷик Ситораи Кароматулло низ дар қатори ғолибон ҷой гирифта, бо ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми панҷ ҳазор доллар қадрдонӣ карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД