Ситораи футболи тоҷик Валерий Турсуновро пагоҳ, 4-уми август ба хок месупоранд. Бино бар маълумоти Федератсияи футболи кишвар маросими ҷанозаи ин футболбози машҳур соати 13.00 дар Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад гашт.
Ёдрас мешавем, ки Валерий Турсунов ҳамлагари тими овозадори “Помир”-и Душанбе буд ва рӯзи 2-юми август дар синни 72-солагӣ дар шаҳри Маскав аз олам даргузашт.
Ин футболбози номдор 23 августи соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, мактаби наврасони футболи ин шаҳр, баъдан Донишгоҳи политехникии шаҳри Душанберо хатм намудааст. Дар баробари таҳсил дар донишгоҳ дар ҳайъати тими Донишгоҳ бозӣ карда, дар синни 18-солагӣ ба тими овозадори “Помир”-и Душанбе пайвастааст.
Валерий Турсуновсолҳои 1974-1988 дар лигаи якум дар ҳайати дастаи “Помир” (Душанбе) бозӣ мекард ва дар 542 бозӣ ширкат варзида, ба дарвозаи ҳарифон 73 гол задааст. Устоди варзиши ИҶШС (1982) ва мураббии шоистаи Тоҷикистони Шӯравӣ (1989) буд.
Соли 1988 валерий Турсунов ба “Помир” барои ба Лигаи олӣ роҳ ёфтан кумак кард, аммо як сол пас бо сабаби ҷароҳат бардоштан карераи худро ҳамчун футболбоз хотима дода, ба кори мураббигӣ гузашт.