Месси-ситораи футболи ҷаҳон
сазовори унвони доктори мегардад
Донишгоҳи Буэнос-Айрес ният дорад ба ситораи футболи Аргентина Лионел Месси унвони фахрии Doctor Honoris Causa-ро тақдим кунад.
Тибқи иттилои нашрияи ESPN, ин унвон ба Месси барои саҳми назаррасаш дар варзиш ва таъсири ӯ дар сатҳи ҷаҳонӣ дода мешавад.
Ҳамин тавр, капитани қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон метавонад ба унвони нави фахрӣ — «доктор Месси» — соҳиб шавад.