Arzon march 2024
Ситораи футбол барои гирифтани ҷоиза нарафт
888

Дирӯз дар Лондон маросими супурдани ҷоизаҳо ба беҳтарин футболбозони соли 2023 аз рӯи натиҷагирии ФИФА баргузор шуд. Дар он ҳамлагари аргентинӣ Леонел Месси “Беҳтарин футболбози соли 2023” эълон шуд, вале худи ситораи футбол дар ин маросим ҳузур надошт.

Наомадани Месси барои гирифтани ҷоиза боиси паҳн гаштани сару садоҳои зиёде шуд. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки Леонел Месси овозаҳоро дар бораи он ки ҷоиза насиби Эрлинг Ҳоланд, ҳамлагари норвегии тими “Манчестер Сити”-и Англия мегардад, шунида, қаҳр кардааст.

Дар ҳақиқат Эрлинг Ҳоланд, ҳамлагари норвегии тими “Манчестер Сити”-и Англия ва ҳамлагари фаронсавӣ Килиан Мбаппе низ барои дарёфти ҷоиза номзад буданд Эрлинг Ҳоланд ва Леонел Месси ҳарду бо натиҷаи якхелаи 48 балли барои ғалаба шонси баробар доштанд, аммо аксари капитанҳои тимҳои миллии ҷаҳон ба ҷонибдории Месси овоз доданд ва дар натиҷа ғалаба насиби ин футболбози машҳур гашт.

Аммо аз афташ Леонел Месси имсол ба ғалаба карданаш чандон бовар надошт, ки барои гирифтани ҷоиза ба маросим наомад.
Бозингарон ҷоизаро барои давраи бозӣ аз 19 декабри соли 2022 то 20 августи соли 2023 гирифтанд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи декабри соли 2022 Месси дар ҳайати тими миллии Аргентина дар Қатар қаҳрамони ҷаҳон шуд. Ҳамлагар дар ҳафт бозӣ ҳафт гол зада, беҳтарин бозигари мусобиқа дониста шуд.

Ҳамлагари аргентинӣ мавсими гузаштаро дар ПСЖ гузаронида, дар он ҷо қаҳрамони Фаронса ва беҳтарин ассистенти мусобиқа (16 ассист) шуд. Тобистони соли 2023 Месси ба “Интер Майами” гузашт ва бо дастаи амрикоӣ Ҷоми Лигаро ба даст овард, ки дар он дастаҳои Лигаи Олӣ ва Чемпионати Мексика ширкат доштанд.

Барои бозингари аргентинӣ ин ҷоизаи 44-ум дар карераи ӯ гардид. Ин ҷоиза ба Леонел Месси имкон дод, ки дар садри феҳристи титултарин футболбозони таърих қарор гирад.
Дар моҳи октябр, Месси ҳаштумин маротиба ҷоизаи рекордии “Тӯби тиллоӣ”-ро ба даст овард ва ҳам беҳтарин футболбози мавсим аз рӯи назарсанҷии маҷаллаи “France Football” эълон шуд.

Ин ҷоиза соли 2016 таъсис ёфтааст. Месси бори сеюм онро ба даст овард. Ӯ қаблан солҳои 2019 ва 2022 ин ҷоизаро ба даст оварда буд. Беҳтарин футболбозон аз рӯи натиҷагирии ФИФА ҳамчунин Криштиану Роналдуи португалӣ (2016, 2017), Лука Модрич (2018) ва поляк Роберт Левандовски (2020, 2021) эътироф шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД