Зулайҳо Мамадшоева, сарояндаи саршиноси тоҷик дар саҳифаи шахсиаш дар Instagram “zulaykhoofficial”, ки зиёда аз 900 ҳазор обуначӣ дорад, дар як сӯҳбати онлайнӣ бо мухлисонаш сабаби ҷудо шудан аз шавҳарашро ошкор кард.
Дар пурсише, ки санаи 15-июн сурат гирифт, ҳаводорони санъати Зулайхо сабаби ҷудо шудан аз шавҳарашро ошкоро пурсон шуданд. Номбурда дар ҷавоб гуфт, ки “Барояш беҳтарин азизи занӣ, вале мефаҳмӣ, ки хиёнатат кардааст, барои ҳар як зан ин гуноҳи нобахшиданист”.
Ин усули саволу ҷавоб миёни сарояндаҳо ва истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хеле маъмул буда, мухлисон ҷавоби ҳар саволи худро аз сарояндагони писандидаашон мепурсанд.