Commerce bank may-june 2026
Ситора аз интернет
19.07.2026
Oila.tj
97

10-уми июл дар Амфитеатри шаҳри Душанбе консерти ситораи санъати Ӯзбекистон Мирҷалол Неъматов баргузор шуд. Сарпарасти иттилотии ин консерт сомонаи ҳафтаномаи “ОИЛА” – oila.tj буд. Мирҷалол Неъматов имрӯзҳо яке аз ҳунармандони саршиноси кишвари ҳамсояи мо буда, дар Тоҷикистон ҳам мухлисони сершумор дорад...

Тоҷикистонро дӯст доштам

Барномаи ҳунарии Мирҷалол Неъматовро метавон шоми гуворои саршор аз таронаҳои дилошӯби ошиқона гуфт, зеро аксари мухлисони сароянда, ки дар Амфитеатр ҷамъ шуданд, ҷавонон буданд.

Бо чанд нафар мухлисони сароянда ҳамсуҳбат шудем. Чанд нафари онҳо ҳатто забони ӯзбекиро намедонистанд, вале Мирҷалолро дӯст медоштанд ва ба консерти ӯ омада буданд. Ин аст, қувваи ҳунари асил. Беҳуда нагуфтаанд, ки санъат марз надорад...

Мирҷалол Неъматов ҳам аз мухлисонаш сипосгузорӣ кард, ки ба барномаи ӯ омадаанд. Ӯ гуфт, Душанбе, Тоҷикистон ва мардуми самимии онро дӯст доштааст...

Ситора аз интернет

Мирҷалол ситораи навтулӯъи санъати ӯзбек аст. Ӯ бо садои  дилнишин, таронаҳои ошиқона ва сабки писанди ҷавонон ба саҳна омад ва дар қалби доираи васеи шунавандагон роҳ ёфт.

Мирҷалол Неъматов 1 ноябри соли 1994 дар шаҳри Навоии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Ӯ дар муҳити эстрадаи ӯзбек на танҳо ҳамчун сароянда, балки ҳамчун оҳангсоз низ шинохта шудааст.

Роҳи эҷодии Мирҷалол Неъматов замоне оғоз ёфт, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои сарояндагон василаи муаррифӣ шуданд. Агар қаблан маъруфияти овозхон бештар аз телевизион, консертҳо ва радио вобаста буд, имрӯз YouTube, Instagram, TikTok, Spotify ва Apple Music низ дар шинохта шудани ҳунарманд нақши калон доранд. Мирҷалол аз ҳамин имкониятҳо хуб истифода бурд. Клипҳо ва сурудҳои ӯ дар фазои интернет зуд паҳн шуда, шунавандагони ҷавонро ба худ ҷалб карданд.

Сабки хос

Сабки эҷодии ӯ бештар ба попи муосири ӯзбекӣ наздик аст. Дар таронаҳояш мавзӯъҳои ишқ, ҷудоӣ, ҳасрат, вафо, ҷавонӣ ва эҳсосоти рӯзмарраи инсонӣ ҷойгоҳи асосӣ доранд. Ин мавзӯъҳо барои шунавандаи ҷавон осонфаҳм ва наздиканд. Аз ҳамин рӯ, сурудҳои ӯ на танҳо дар Ӯзбекистон, балки миёни шунавандагони тоҷик, қазоқ ва дигар дӯстдорони мусиқии ӯзбекӣ низ шунида мешаванд.

Аз ҷумлаи таронаҳои маъруфи Мирҷалол Неъматов “Endi manga gitara”, “Ko‘zoynak”, “Dilbar”, “Barno”, “Kabutar”, “Qaro ko‘z”, “Anor”, “Oshiq edim”, “Nozka”, “Porla jonim”, “Bu dunyo ko‘rmaydi”, “Havotirdaman”, “Qizg‘onaman” ва “Almata–Tashkent” ном бурда мешаванд.

Ин сурудҳо ҳар кадом фазои хоси худро доранд. Баъзеашон сабуку рақсӣ, баъзеи дигар лирикӣ ва пурэҳсосанд. Маҳз ҳамин гуногунрангӣ сабаб шудааст, ки Мирҷалол дар миёни насли ҷавон шунавандаи зиёд пайдо кунад.

Дар эстрадаи муосири Ӯзбекистон ҳамкории сарояндагон бо ҳамдигар аҳамияти калон дорад. Мирҷалол Неъматов низ бо чанд ҳунарманди маъруф ҳамкорӣ кардааст. Номи ӯ дар паҳлуи Ҳамдам Собиров, Дурдона Қурбонова, Севинч Исмоилова, Асад Тошпӯлодов ва дигар сарояндагон дида мешавад. Сурудҳои муштарак, аз ҷумла “Menga o‘xshagani tug‘ilmaydi” ва “Chapan”, ба шунавандагон писанд омадаанд. Ин ҳамкориҳо ба густариши аудиторияи ӯ мусоидат карда, нишон медиҳанд, ки Мирҷалол дар муҳити фаъоли мусиқии Ӯзбекистон ҷойгоҳи худро пайдо кардааст.

Нуктаи ҷолиб дар фаъолияти Мирҷалол Неъматов он аст, ки ӯ ба анъанаи лирикии эстрадаи ӯзбек содиқ мемонад, аммо онро бо шакли муосир пешниҳод мекунад. Мусиқии ӯзбекӣ ҳамеша бо оҳангҳои дилнишин, матнҳои пурэҳсос ва мавзӯъҳои ошиқона шуҳрат дошт. Мирҷалол ҳамин равияро ба забони насли нав идома медиҳад. Дар таронаҳои ӯ на суханбозии зиёдатӣ, балки ҳиссиёт, содагӣ ва наздикии мавзӯъ ба зиндагии ҷавонон бештар эҳсос мешавад.

Шуҳрат дар Тоҷикистон

Барои шунавандаи тоҷик низ эҷодиёти Мирҷалол Неъматов бегона нест. Мусиқии ӯзбекӣ дар Тоҷикистон шунавандаи зиёд дорад. Наздикии фарҳангӣ, ҳамсоягӣ, омезиши анъанаҳои мусиқӣ ва фаҳмо будани бисёре аз образҳои шеърӣ боис шудааст, ки сарояндагони ӯзбек дар Тоҷикистон низ маҳбубият дошта бошанд. Таронаҳои Мирҷалол, махсусан сурудҳои ошиқона ва ба завқи ҷавонон муносиб афтодааст. Ҳамин аст, ки ӯро шунавандагон дӯст медоранд.

- Шумо аз куҷо омадед? – мепурсам аз ду духтараке дар назди амфитеатр.

- Аз Турсунзода, - посух медиҳад, яке аз онҳо, ки ӯзбекзабон аст.

- Шумо чӣ? – мепурсам аз як ҷавоне, ки бо духтараки зебое истодааст.

- Мо аз ҳамин шаҳр, - посух медиҳад ӯ.

- Ӯзбекиро медонед? – боз суол медиҳам.

- Не.

- Пас чаро ба ин ҷо омадед?

- Маъқул аст, - кӯтоҳ посух дод вай.

Воқеан, барои ҷавонони тоҷик садои Мирҷалол писанд аст, мисле, ки дар Ӯзбекистон Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, Ҷонибек Муродов, Садриддини Наҷмиддин ва дигар сарояндагони моро дӯст медоранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД