Arzon march 2024
“Сипар” - барандаи медалҳои биринҷии Суперлигаи Тоҷикистон-2024/25
20.05.2025
Oila.tj
129

Дастаҳои “Сипар” ва “Амонатбонк” бозии дуюмро барои ба даст овардани нишонҳои биринҷии мавсими имсолаи Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал доир карданд.

Тавре ТВ “Варзиш” иттилоъ медиҳад, вохӯрии дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд доир шуда, бо ҳисоби 5 бар 4 ба фоидаи “Сипар” хотима ёфт. Аз ҳайати “Сипар” голҳоро Агналдо Эдуардо дар дақиқаҳои 12, 16, 37 ва Воситзода Иқбол дар дақиқаҳои 21, 31 ба самар расониданд. Голҳои “Амонатбонк”-ро Сабуров Холид дар дақиқаи 28, Мирзоев Султон дар дақиқаи 33 ва Назиров Ибодулло дар дақиқаҳои 36, 37 ба ҳадаф расониданд. Агналдо Эдуардо аз ҳайати “Сипар” беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф гардид.

Бозии аввали дастаҳо дар Душанбе бо ҳисоби 4 бар 2 ба фоидаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд хотима ёфта буд. Голҳоро аз ҳайати “Сипар” дар ин бозӣ Парвиз Раҳматов, Эркин Эҳромзода, Назифхон Набиҷонов ва Иқбол Воситзода ба самар расониданд. Аз ҳайати “Амонатбонк” Султоншо Мирзоев ва Фаридун Нематов голҳоро ба ҳадаф расониданд. Дар ин бозӣ легионерҳои калидии тими “Сипар” Эдуардо Агналдо ва Рафаэл Камилё бинобар сабаби салби салоҳият дар майдон набуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар финали мусобиқа дастаҳои “Соро компания” ва “Истиқлол” бо ҳам бозӣ доранд. Пас аз ду бозӣ доир кардан, онҷо дар ҳарду “Соро компания” ғолибият ба даст овард ва дар сурати ғалабаи сеюм ғолиби мавсими имсола мегардад. “Истиқлол” қаҳрамони феълии мусобиқа маҳсуб мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД