Formula novemver 2024
Сифилис чӣ гуна беморист ва киҳо зери хатаранд?
1008

Сифилис як бемории системавии сироятии венерикӣ мебошад, ки асосан тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқол меёбад. Сирояти ин беморӣ ба пӯст, луобпардаҳо, системаи асаб, узвҳои дохилӣ ва мушакҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои сироятёбӣ кадомҳоянд?

Аксар вақт манбаи сироят беморони гирифтори шаклҳои аввали сифилис ҳастанд.

Яке аз роҳҳои сироятшавӣ ба бемории сифилис тавассути алоқаи ҷинсӣ мебошад, ки сироят ба воситаи пӯст ё луобпардаҳои вайроншуда мегузарад.

Аз модари бемори ҳомила тавассути ҳамроҳаки кӯдак мегузарад ва боиси инкишофи сифилиси модарзодӣ мегардад.

Интиқол, яъне тавассути хун аз донори сирояти сифилисдошта ба шахси солим

Шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифтор мешаванд, масъунияти баданашон хеле паст мешавад, ки эҳтимол ин ҳолат боиси дубора сироят ёфтанашон гардрд.

Аломатҳо ва марҳилаҳои бемории сифилис

Давраи ниҳоии беморӣ аз лаҳзаи ворид шудани ангезандаи сифилис ба бадан шуруъ шуда, бо пайдо шудани нишонаҳои аввалия ба охир мерасад. Ин давра ба ҳисоби миёна аз 2 ҳафта то 2 моҳ мебошад.

Ҳангоми инкишоф додани беморӣ, он 3 марҳилаи пайдарпайро аз сар мегузаронад:

Марҳилаи 1. Дар ҷойи тамос бо муҳити сироятшуда захм пайдо мешавад. Пас аз 1-2 ҳафта дар гиреҳҳои лимфатикӣ марҳилаи илтиҳобёбӣ оғоз меёбад.

Марҳилаи 2. Ин давра одатан бо пайдо шудани доғ дар як ё якчанд минтақаи бадан оғоз ёфта, бо гузаштани чанд ҳафта эҳтимоли зиёди пайдо шудани захм вуҷуд дорад. Дар қафаси сина, гардан ва пушт доғҳои дағали сурх ё сурху қаҳваранг пайдо мешаванд, ки нороҳатиро ба вуҷуд меоранд. Ҳамчунин ин доғҳо дар қисмҳои гуногуни бадан, аз ҷумла кафи дастҳо ва кафи пойҳо пайдо мешаванд.

Табларза, варам кардани гиреҳҳои лимфа, дарди гулӯ, кам шудани мӯй, дарди сар, дарди мушакҳо, кам шудани вазни бадан, бемадорию хастагии зиёд аломатҳои дигари бемории сифилис мебошанд.

Марҳилаи 3. Сифилиси сеюм марҳила хеле хатарнок буда, агар сироятёбӣ бе нишонаҳо гузарад, метавонад пас аз чанд сол оғоз ёбад. Аз таъсири сироятёбӣ, норасогиҳои кори дил рӯдаю меъда, узвҳои роҳҳои нафаскашӣ ва майнаи сар низ осеб мебинанд.

Ба кадом духтурон муроҷиат кардан мумкин аст?

Лозим ба ёдоварист, ки занҳое, ки ба бемории сифилис гирифторанд, ба духтури занона, мардон бошанд, ба уролог ё дерматовенеролог муроҷиат мекунанд.

Чуноне болотар зикр шуд, беморӣ ба увзҳои даруна ва дигар увҳои бадан маъсири манфии худро мерасонад. Дар ҳолате, ки шахс аз дард ё нороҳатии ин ё он узв азият мекашад, тавсия дода мешавад, ки бояд ба мутахассисони соҳа, аз қабили офталмолог (чашм), асабшинос, кӯдаконе, ки бо сифилиси модарзодӣ гумонбар мешаванд, ба духтури кӯдакона муроҷиат намоянд.

Табобати сифилис чӣ гуна оғоз ва идома меёбад?

Табобати бемории сифилис дар марҳилаҳои аввал мафиатовар аст. Баъд аз муоинаҳои духтурон аввал табобат дар беморхона ва баъдан дар хона гузаронида мешавад. Нафароне, ки бо шахси бемор алоқаи ҷинсӣ доштанд, санҷишҳои лабораторӣ гузаронида мешавад, агар натиҷаҳо манфӣ нишон дода шаванд, чораҳои пешгирикунанда гузаронида мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД