“Дар оянда нақша дорем, ки дар бораи озарбойҷониҳое, ки дар рушду пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони шуравӣ саҳм доштанд, китоберо дар бораи зидагӣ, кору эҷоди онҳо бинависем”
Алимирзомин Асгаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар кишвар ин нуқтаро дар рӯнамоии китоби “Шуша” –и Элчин Аҳмадов, доктори илмҳои сиёсат, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон қайд карданд.
“Китоби “Шуша” то имрӯз бо забонҳои гуногун, ҳамчунин бо забони тоҷикӣ, ки мутарҷимаш будам, тарҷума ва нашр шудааст”, гуфт сафир.
Китоб бозгӯкунандаи бунёди хонигарии Карабоғ, аҳамияти бостонии таьрихӣ, фарҳангӣ ва стратегии Шуша, тоҷи Карабоғ мебошад. Ҳамчунин, китоб сохтмони қалъаи Шуша, пойтахти хонигарии Карабоғ ва маҳаллаҳои бостонии шаҳр низ қисса мекунад.
Ман барои Китобхонаи миллии Тоҷикистон сад дона китоби “Шуша”-ро тақдим мекунам. Ҳамчунин, хоҳишмандон метавонанд шакли электронии онро дастраст намоянд, гуфт Алимирзомин Асгаров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон.