arzon replenishment
Шуҳрат Сайнаков: Аз раафтан ба назди устод Далер Назаров метарсам
1289

Имрӯз ситораи пурҷилои самои санъату фарҳанги тоҷик, устоди эстрадаи муосири тоҷик Далер Назаров ҷашни милод дорад. Ин фарди ҳунарзода 64-сола шуд.

Сароянда айни ҳол дар Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошта, зодрӯзашро ҳамон ҷо ҷашн хоҳад гирифт.

Шуҳрат Сайнаков, овозхони Ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радио ва яке аз шогирдони ин овозхони маҳбуб зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, Далер Назаров беҳтарин ҳунарманди эстрадаи Осиёи Миёна аст, ки тамоми сокинони кишварҳои Узбекистону Қазоқистон Қирғизистону Туркменистон ва ҳатто фаротар аз он эътирофашон мекунанду эҳтиром, ки бозхонии суруди “Чак-чаки борони баҳор” далели олитарини ин даъвост.

“Баъзан мехоҳам ба назди устод раваму ҳамроҳашон суҳбат кунам, вале сахт метарсам ва ҳатто ҷасорат ҳам надорам. Фикр мекунам, ки ба устод чӣ мегӯям? Охир, он кас куҷову мо куҷоем? Он кас маэстрои санъатанд. Гоҳҳо як мавзӯъро чунон шарҳ медиҳанд, ки дигар мо гапи мегуфтанӣ намеёбем. Ҳатто сукуташон маънову рамз дорад. Бовар дорам ,ки ба тмамоми орзуҳояшон аллакай расидаанд ва таманно дорам, ки абарустоди санъати ҷаҳон бошанд”, - гуфт Шуҳрат Сайнаков.

Назархудо Дастамбуев, дӯсти айёми бачагӣ ва рафиқи хонаводагии сароянда аз ӯ тавсиф карда, ба маҳораташ баҳои баланд дод.

“Мову Далер Назаров ҳар рӯз қариб ҳамсуҳбатем. Пеш аз сафараш ба Қазоқистон давоми як ҳафта дар Рӯшон якҷоя будем. Ӯ тасмим дорад, ки тарки Душанбе карда, пурра ба Рӯшон кӯчида ояд. Мегӯяд, фазои ин ҷо хубтар аст ва акнун дар зодгоҳаш маскан мегирад минбаъд. Нақшаҳои зиёд дорад. Оҳангҳои дигари ҷаҳонӣ офариданист”, - гуфт Дастамбуев.

 

Ба таъкиди дӯсти сароянда, ҳоло Далер Назаров тасмим дорад, шумори шогирдонашро бештар кунад ва ба ин хотир, барои ифтитоҳи мактаби хоси ҳунариаш дар Душанбеву зодгоҳаш талош дорад.

“Далер ҳоло сари лоиҳаи Устод-шогирд кор карда истодааст. Акнун мактаби ҳунариашро дар Душанбе ва Рӯшон мекушояд, то оянда барои санъат чанд Далери дигарро бидиҳад. Тибқи нақша муддате барои тадрис ба ин ҷо меояду боз баргашта ба Рӯшон меравад”, - гуфт ӯ.

Назархудо Дастамбуев сабаби ба кишвари ҳамсоя сафар кардани овозхонро дар рӯзи мавлудаш шарҳ дода, гуфт, Далерро барои ширкат ва ҳунарнамоӣ дар як консерти байналмилалӣ ба Қазоқистон даъвт кардаанд. Дирӯз ба Алма-Ато рафт ва он ҷо бо забони тоҷикӣ суруд мехонад.

“Хидмате, ки Далер барои рушд, тозагӣ ва муаррифии забони тоҷикӣ мекунад, хеле кам аз забоншиносони мо анҷом медиҳанд. Ӯ ҳаргиз бо лаҳҷа насароидааст ва аз интихоби ашъори дағале чун “хураму мураму теву гир” худдорӣ мекунад. Ӯ сарояндаи таронаҳои асил аст ва маҳз бо забони Рӯдакӣ месарояд”, - гуфт мавсуф.

Бояд гуфт, ки фарзандони ҳунарманд ҳам ба санъат шавқ доранд. Ба баёни Дастамбуев, Аброр ва Меҳрубон санъаткорони асиланд.

“Даврон ҳам ҳарчанд корманди мақомоти қудратист, вале менавозад, аммо насароидааст боре. Духтараш камтаваҷҷуҳ аст нисбат ба санъат ва ҳоло пайи рӯзгори худаш аст. Далер баъзан бо ифтихор мегӯяд , ки Меҳрубон дар мусиқӣ аз ман ҳам беҳтар аст ва дар оянда аз ӯ шоҳкориҳоро интизорам”, - гуфт ӯ.

Далер Назаров 8-уми сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Падараш Меҳрубон Назаров як умр дар вазифаҳои баланди давлатӣ кор кардаааст. Қиблагоҳаш Меҳрубон Назаров ба ҳайси вазири фарҳанги Тоҷикистон расид, вале Далер писари вазир ва модараш ровии радиои Бадахшон бошад ҳам, мисли вазирзодагони муосир худпарасту мағрур ва эркаю ҳавобаланд набуд.

Волидони Далер - Меҳрубон Назаров ва Нодирамо Қадамшоева соҳиби 4 фарзанд буданд. Писари калонии ин хонавода Назар роҳи илмро пеш гирифта, солиёни зиёде ба сифати дотсент дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон кор мекунад. Апааш Меҳринигор устоди фанни таърих аст, апаи дигараш Азиза зиндагӣ ва кор дар Вашингтонро авло донистааст.

Хислату хӯйи Далер Назаров ҳанӯз аз даврони кӯдакӣ аз бародару хоҳаронаш фарқ мекард ва ҳамин буд, ки роҳи санъатро пеш гирифт. Бачаи мактабгурез, вале гули сари сабад Далер мактабро чандон дӯст намедошт ва бачаи аълонхон ҳам набуд, вале ким-чӣ хел як кашиши аҷибе дошту одамонро мисли магнит ба худ ҷалб мекард.

Сароғоз ӯ ба суруду мусиқӣ ҳам чандон майлу рағбат надошт ва баъди як соли таҳсил дар мактаби мусиқӣ сурудхониро як кори беҳуда ва бемаънӣ ҳисобида, аз баҳри санъат гузаштанӣ шуд, вале тасодуфан албоми гурӯҳи “БИТЛЗ” ба дасташ афтида, ошиқи ин гурӯҳ гашт. Далер дар симои аъзоёни ин дастаи мусиқӣ ҳамфикрони худро дарёфта, ҷиддан аз паси суруду мусиқӣ шуд.

Муваффақияти аввалини худро дар олами мусиқӣ Далер Назаров ҳанӯз дар синни 12-солагӣ бо шарофати синамо ба даст овардааст. Коргардони маъруфи тоҷик Давлат Худойназаров дар филми машҳураш “Субҳи нахустини ҷавонӣ” оҳанги “Эй парӣ”-и Далер Назаровро истифода бурд ва ин филм шӯҳрати бузурге ба даст оварда, оҳангу таронааш низ вирди забони хурду калон гашт. Ин комёбӣ дили Далери 12-соларо ба санъат гарм намуд ва чанд ҷавони дигари ошиқи суруду мусиқиро дар атрофаш ҷамъ кард. Бачаҳо пул партофта, асбобҳои мусиқӣ хариданд ва ҳамин тавр, дастаи ҳунарии Далер Назаров ташкил ёфт. Ядидя Илёев ва Иқболшо Завқибеков дар ин гурӯҳ флейтаю саксофон менавохтанд, Анваршо Ғуломҳайдаров ва Фирӯз Халилов таблакнавозу бас-гитарист ва Далеру Муборакшо сароянда буданд. Дертар ба ин даста Рустам Раҳимов ҳамроҳ шуд.

Падараш вазир ва модараш наттоқи радио бошад ҳам, Далер Назаров ба ҷодаи ҳунар мустақилона роҳ ёфтааст. Ӯ боре ҳам аз волидон ва хешу табори бообрӯяш барои корҳои ҳунариаш кӯмак нахостааст, зеро ба ҳунару маҳорати худ боварии комил дошт ва бидуни дастгирию тағобозӣ на танҳо дар ватани худ, балки берун аз ҷумҳурӣ низ рӯз то рӯз машҳуртар мегашт.

Далер Назаров на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар ҷумҳуриҳои СССР низ мухлисони бешуморе дошту аз серкорӣ вақти сархорӣ намеёфт, вале ба ҳама душвориҳои ҷодаи санъат нигоҳ накарда, ҳамзамон дар факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории пойтахт таҳсил менамуд ва дипломи омӯзгори фанни забон ва адабиёти русро ба даст овард. Сурудҳояш баландпарвоз буданд ва худи Далер низ мисли шоҳин баланд парвоз мекард, аммо...

Далер Назаров чунон машҳур буд, ки тамоми зеборухони шаҳр тайёр буданд дили худро зери қадамҳои ин ҷавони болобаланду булбуловоз пойандоз кунанд, вале гӯйи бахт насиби “шоҳдухтар”-и даврон гашта, Далер домоди аввалин президенти Тоҷикистон Раҳмон Набиев гашт.

Раҳмон Набиев он солҳо шахси аввали ҷумҳурӣ-котиби якуми партияи коммунистии Тоҷикистон буд ва албатта ба ҳар як тори мӯйи духтараш як ҷавон овезон буда, харидорони зиёде дошт, вале аз байни тамоми талабгорон маҳз Далер Назаровро интихоб намуд.

Ниҳоли умри ин ду ҷавон, ки ҳар ду аз оилаҳои номдор, обрӯманд ва худ низ бомаърифату фарҳангӣ буданд, ба зудӣ бор оварда, Далер Назаров ва Мунаввара Набиева соҳиби як шоҳписари зебо бо номи Даврон гаштанд, вале... Шикасти оила ва шикасти дили Дале

Раҳмон Набиев домоди ҳофизашро мисли фарзанди худаш, ҳамчун писараш дӯст медошт ва аз издивоҷи духтараш бо Далер Назаров бениҳоят шод буд. Падарарӯсаш аз Далер розӣ буда, ҳамеша дуогӯйи хушбахтии зану шавҳари ҷавон буд ва мехост соҳиби боз чанд набераи дигар гардад, вале орзуҳои ширинаш ҷомаи амал напӯшиданд.

Мунаввара ва Далер дар як мактаб таҳсил намуда, аз курсии мактабӣ ҳамдигарро хуб мешинохтанд, ҳурмату эҳтиром мекарданд ва гӯё дӯст ҳам медоштанду волидонашон дилпур буданд, ки оилаи онҳо усувору мустаҳкам аст, аммо ғайричашмдошт ҳамагӣ баъди 3 соли тӯй Мунаввара аз шавҳараш талоқ гирифт.

Одатан вақте оила вайрон мешавад, зан азоби рӯҳӣ кашида, рӯҳафтода мешавад, мард бошад, думболи ҳавасҳои нав меравад, вале талоқ барои ин марди ҳунар хеле гарон афтид. Шикасти зиндагиаш дили нозуки Далер Назаровро чунон шикаст, ки ҳатто муддате тарки саҳна намуд...

Далер ғамҳои дилашро танҳо тариқи суруд мегуфту аламҳояшро болои оҳангҳои пурдардаш мерехт ва ҳамин тавр нимаи дуюми солҳои 1980 ин марди ҳунарманд аз нав ба саҳна баргашта, дубора саҳнаро ба қавле “тарконд”. Таронаҳои нави Далер Назаров «Чак-чаки борон» ва «Турки Шерозӣ» вирди забони хурду калон гашта буданд, махсусан таронаи дуюм, ки бо услуби рок-мусиқӣ суруда шуда буд, ҳамагонро қоил кард ва ин ду шоҳкорӣ дар санъати эстрадии тоҷик гаштанд.

Далер Назаровро соли 1988 синамогарон боз ба ҳамкории эҷодӣ даъват намуданд ва ин сарояндаи машҳур дар филми “Кумир” нақши ҳофиз-Хуршедро олиҷаноб бозида, шӯҳраташ даҳчанд зиёдтар гашт.

Соли 1989 Далер Назаров дар фестивали баландпояи «Юрмала» сазовори ҷойи аввал ва Гран-при гашт, соли 1990 бошад, дар озмунҳои мусиқии “Иссиқ-кӯл” ва “Бухоро” ғолибият ба даст овард. Соли 1991 ин сарояндаи овозадори тоҷик дар фестивали байналмиллалии “Садои Осиё” ғолиб дониста шуд, вале...

Сар шудани ҷанги хонумонсӯзи бародаркушӣ дар соли 1992 боис гашт, ки мисли садҳо инсонҳои дигари фарҳангӣ, ки тобу тоқати дидани ҷангу хунрезӣ ва қатлу куштору ғоратгариро надоранд, устоди эстрадаи тоҷик Далер Назаров низ тарки Ватан намуда, дар шаҳри Алма-Атои Қазоқистон зиндагӣ ихтиёр кунад...

Далер Назаров оҳиста-оҳиста ба худ омада, дубора оила барпо намуд. Аз никоҳи дуюмаш ин ҳунарманди машҳур се фарзанд дошта, духтараш Рамо ва писаронаш Аброру Меҳрубон ном доранд.

Писарони Далер Назаров бо роҳи падар рафта, сарояндагиро пеша намудаанд. Писари калониаш дар шаҳри Маскаву хурдӣ дар шаҳри Алма-Ато кору эҷод мекунанд.

Далер Назаров писари вазир, домоди аввалин президенти Тоҷикистон устоду поягузори эстрадаи навини тоҷик бошад ҳам, унвон надорад, вале унвони ин ҳунарманди нотакрор эътирофи садҳо ҳазор мулисони ҳунараш мебошад, ки кайҳо дар дили худ ба ӯ унвони Артисти халқиро додаанд.

Аз идора: Мо устоди санъати эстрадии тоҷик Далер Назаровро бо умри пайғамбарӣ муборакбод гуфта, таманно мекунем, ки боз 64-солаҳои зиёд умр бинанд ва ҳамеша гули сари сабади маҳфилҳову азизи дили мардуми тоҷик бошанд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД