Дирӯз сарояндаи соҳибшуҳрат Шӯҳрат Сайнаков майдони 49-ро ақиб гузошту қадам дар саҳни 50-солагӣ зад, зеро ин марди ҳунар 17-уми сентябри соли 1974 дар деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст.
Азбаски милодаш дар рӯзи истироҳат буд, андешидем, ки шояд дар тӯй пайи хидмати мардум асту ташвишаш надодем ва имрӯз барои муборакбодиаш занг задем. Аммо, ӯро сари кор дарёфтему орӣ аз ташвишу хастагӣ. Ӯ марди хастагинопазир аст ба қавли дӯстонаш.
Инак, қариб 30-сол мешавад, ки ӯ дар ин ҷода устуворона гом зада, бо таронаҳои пуршӯри ошиқонаву орифонааш дили ошиқони савту наворо ба шӯр меорад ва аз қадам задан дар ин масир хаста намешавад.
Шуҳрат зимни суҳбат бо Oila.tj ба кулли кормандону хонандагону дуруду сипос гуфт, ки шодишарикаш гаштему хурсандиашро барояш муборакбод гуфтем. Ба бахти баланди фарзандонаш, ӯ дирӯз тавлидашро бо аҳли оилааш таҷлил кард.
“То рӯзи 16-ум пайи ҳам тӯй доштам. Хушбахтона, дирӯз дар хона будам, ҳарчанд рӯзи истироҳат буд. Имсол зодрӯзам дар ҳалқаи фарзандон гузашт. Соли гузашта шаби зодрӯз дар Фархор будам. Солҳои пештараш низ ҳар ҷо мешудам”, - қайд кард ӯ.
Шуҳрат Сайнаков дар мавриди тафовути боз як соли рӯзгораш гуфт, ҳар рӯз барояш имтиҳони ҷиддиву ҷадиде аст, чун сароидан дар ҳар тӯй хусусият дораду бояд аз ин имтиҳонҳо бо сари баланд гузашт, то дар тӯйи дигар ҳунармандро даъват кунанд.
“Беҳтарин дастовард барои як ҳунарманд дар дили мардум маъво гирифтани таронаҳои ӯст. Хушбахтам, ки сурудҳои ман аз ҷониби мухлисон хуб пазируфта шудаанд ва маро ба тӯйҳо даъват мекунанд”, - гуфт ӯ.
Ӯ дар мавриди ҳифз кардани санаи зодрӯзаш гуфт ,чун ду рӯз қабл аз ӯ, 15 сентябр, духтараш зодрӯз дорад, фарзандон аллакай тадоркро шуруъ мекунанду аз ин рӯ, дар хотираш меистад ин санна.
Бояд гуфт, ки Шӯҳрат аз овони хурдӣ ба футбол шавқу рағбати беандоза дошт, вале баъдан меҳри санъат дар дилаш аланга зад. Бори аввал ҳангоми дар синфи 7 хонданаш аккардионро ба даст гирифт ва бо ҳамин дигар аз пайроҳаи ҳунар қафо нагашт.
Аз идора: Ҷузъиёти бештари рӯзгори ин ҳунарманди сермаҳсулро дар суҳбати мо бинед.