Бар асари заминларза дар кишварҳои Туркия ва Сурия то субҳи 8-уми феврал ҳудуди 8000 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар матлаби ин хабаргузорӣ гуфта шудааст, ки дар Туркия ҳудуди 5894 нафар фавтида, 34000 нафари дигар захмӣ шудаанд. Бино ба гуфтаи Фуат Октай, ноиби президенти кишвар, дар минтақаи офати табиӣ 16 139 нафар наҷотдиҳандагон, аз ҷумла мутахассисони хориҷӣ кор мекунанд.
«Наҷотдиҳандагони хориҷӣ омада истодаанд. Онҳо низ ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ ҷалб карда мешаванд», — гуфтааст ӯ.
Дар ин кишвар тасмим гирифта шуд, ки шаби оянда неруи бештар ба бартараф кардани харобаҳои Қаҳрамонмараш, Хатай ва Адияман сафарбар карда шавад. Ин минтақаҳо аз заминларза бештар зарар дидаанд ва вазъ дар онҷо мушкил боқӣ мемонад. Қаблан вазири тандурустии Туркия Фаҳреттин Коҷа дар бораи ҳалок шудани 5434 нафар ва маҷрӯҳ гардидани 31 777 нафар хабар дода буд.
Дар ҳамин ҳол, Ҳукумати Сурия гуфтааст, ки дар ин кишвар 1932 нафар бар асари заминларза ба ҳалокат расидаанд. Вазири тандурустии ин кишвар Ал-Габаш, ки аъзои ситоди буҳронии аз ҷониби ҳукумат таъсисёфта мебошад, гуфт, ки ҳоло беш аз 600 нафар табибон ва кормандони соҳаи тиби Сурия барои расонидани кумак ба осебдидагон ба вилоятҳои Ҳалаб, Латакиё, Тартус ва Ҳумс фиристода шудаанд.
Ӯ гуфт, хисороти бештар ба пойтахти иқтисодии Сурия (360 километр дуртар аз Димишқ) — ба Ҳалаб расидааст, ки дар онҷо бар асари офати табиӣ беш аз 3000 бинои истиқоматӣ хароб гашта, панҷяки аҳолӣ бе сарпаноҳ мондаанд. То соли 2018 дар ин шаҳр 1,8 миллион нафар зиндагӣ мекарданд.