arzon replenishment
ШӮРОИ УЛАМО ДАР БОРАИ ИДГАРДАК ВА ГӮШТИ ҚУРБОНӢ ЧӢ ГУФТ?
3232

Тавре чанд рӯз пеш хабар додем, мувофиқ бо қарори Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон дар кишварамон дар таърихи 31-июл ҷашн гирифта мешавад.
Бо мақсади пешгирӣ аз сироятёбии коронавирус дар робита ба таҷлили ин ид Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ ба аҳли аҳолии мамлакатамон муроҷиат менамояд:
“Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми шарифу сарбаланди мамлакатро бо фаро расидани Иди Қурбон табрику таҳният мегӯяд.
Бо қарори Шӯрои уламо таҷлили Иди Қурбон 31 июли соли 2020 муқаррар шудааст. Бинобар сабаби паҳншавии бесобиқаи бемории сироятии коронавирус дар ҷаҳон, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани аҳолии мамлакат аз сирояти бештари он, тибқи фатвои Раёсати Шӯрои уламо намози Иди Қурбон баргузор намегардад.
Ҳикмати қурбонӣ он аст, ки мардуми камбизоат аз он баҳра баранд ва дар рӯзи ид ҳамроҳи дигарон шодиву сурур дошта бошанд. Дар ин маврид Пайғамбари Худо, саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: «Фақиронро аз суол намудан дар ин рӯз бениёз гардонед!».
Дар Иди Қурбон то се рӯз қурбонӣ кардан ҷоиз аст. Бо дарназардошти баргузор нашудани намози ид, тибқи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ қурбонӣ бояд баъди тулӯи офтоб анҷом дода шавад.
Гӯшти қурбонӣ се тақсим карда шуда, қисме барои соҳиби қурбонӣ, қисме барои хешу табор ва ёру дӯстон ва қисми дигар ба одамони камбизоат, ятимону маъюбон ва ашхоси ба инҳо монанд дода мешавад.
Хоҳиш карда мешавад, ки дар рӯзи ид мардум аз пухтани гӯшти қурбонӣ ва таом додани мардум худдорӣ намуда, онро ба хонаҳои кӯдакон, хонаҳои пиронсолон ва маъюбон бурда диҳанд.
Одатан, дар рӯзҳои ид одамон ба хонаҳои якдигар рафта, дар ҳаққи гузаштагон дуо мекарданд. Ҳамчунин кӯдакон низ ба идгардак баромада, мардумро табрик мекарданд. Хотиррасон менамоем, ки айни ҳол дар давлатҳои ҳамсоя мавҷи дуввуми бемории сироятии COVID-19 хуруҷ карда, ҳолати дубораи карантинӣ ҷорӣ карда шудааст. Дар ҳолати ташкил намудани идгардаки калонсолон ва хурдсолон эҳтимоли пахншавии дубораи вируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дорад. Одамон аз хонаҳои худ дар ҳаққи гузаштагон дуо кунанд, кифоя аст, зеро дуо аз ҳар ҷо қабул мешавад.
Дар мавриди ҳифзи сиҳатии омма, Пайғамбар (с) фармудаанд: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад.” Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд: «Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад».
Мувофиқи таълимоти шариат риояи муқаррароти фатвои Шӯрои уламо барои мусулмонони ҳамон кишвар воҷиб аст. Аз ин рӯ, қотеъона тақозо карда мешавад, ки мардум хатари сироятёбиро ҷиддӣ дарк карда, аз идгардаки калонсолону кӯдакон қатъиян худдорӣ намоянд”.

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД