Formula novemver 2024
ШОҲОНА БАРОИ ТАБОБАТИ ПИСАРАШ КӮМАК МЕХОҲАД
4192


Шоҳона Саидалиева, модари танҳоест, ки як моҳ қабл ба идораи сомонаи “Оила ТҶ” омада, фоҷиаи ба сари писарчаи 10-солааш омадаро расонаӣ карда буд.

Кӯдак мавриди зӯроварии ҷинсӣ қарор гирифта, Шоҳона мехост ба воситаи сомонаи мо арзу доду худро ба мақомот бирасонад. Дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам шуд. Пас аз нашри барнома мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дубора аз паси кушодани ин ҷиноят шуданд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ин мавод вокунишҳои зиёдеро ба бор овард, аммо...

Пас аз як моҳ ин зан боз дари сомонаи Оила. ТЧ-ро кӯфт.

Шоҳона мегӯяд, ки худи ҳамон рӯзи пахши барнома кормандони мақомоти дахлдор ба мушкилии ӯ расидагӣ намуданд, бар замми ин, аз чандин идораҳои давлатӣ ва ғайри давлатӣ занг заданд.
“Корамро бас кардам, зеро кӯдаконамро танҳо мондан хатарнок буд. Бо кӯмаки кормандони сомонаи Оила. ТЧ намояндагони ширкати “Хайрия” бо ман тамос гирифта, барои то як вақти муайян ором будани оилаи мо, пешниҳод карданд, ки ҷои зистамро иваз намоям. Азбаски бе ин ҳам, ман бехонаву дар буда, ҷои зисти доимӣ надорам, розӣ шудам. Кормандни ин ширкат ба муддати 3 моҳ барои ману ду фарзандонам хонаеро иҷора гирифтанд. Айни замон мо дар пойтахтем. Писарамро ба табибон нишон додам. Равоншиносон мегӯянд, ки барои ба худ омадан кӯдак ҳадди ақал ду сол бояд табобат бигирад, вале ман чунин шароит надорам. Дар шаҳри Душанбе зиндагӣ кардан барои ман барин зани танҳо бисёр душвор аст, чунки на манзили худро дорам ва на дар паҳлӯям шахсе ҳаст, ки дастамро гираду ёрӣ расонад. Пештар худам кор карда, бачаҳоямро мехӯрондаму мепӯшонидам, аммо баъди он фоҷиа дигар фарзандонамро танҳо монда ба кор баромада наметавонам. Ҳолати рӯҳии писарам хуб нест ва ман метарсам, ки дар нубуданам худро ба ягон фалокат гирифтор насозад. Зиндагиам то рафт мушкил шуда истодааст. Ҳар рӯз писарамро барои табобат мебарам, бар замми ин, мактаб наздик шудаву шароити харидани либосҳои мактабиро надорам. Намедонам чӣ кор кунам?

Ман танҳо як модар дорам, ки ӯ ҳам дар мусофират аст ва аз беморӣ ранҷ мекашаду тавони кӯмак расонидан надорад.

Аз ҳамаи шумо миннатдорам, ки нисбати ҳодисаи ба сари писари ман омада бетараф набудед. Имрӯз тақдир маро ба кӯмаки шумо муҳтоҷ гардонидааст. Аз мардони саховатпеша, соҳибкорон ва ҳамаи ҳамватанону ҳаммилатонам хоҳиш мекунам, ки дар ин рӯзҳои сангини ба сари оилаи мо омада, ба сӯямон дасти мадад дароз кунанд. Агар имкон доред, хайр кунед, агар имкони молӣ надоред, ақаллан дар ҳаққамон дуо намоед, ки писаракам зудтар ба худ ояд”- мегӯяд Шоҳона Сайдалиева.
Шахсоне, ки мехоҳанд ба ин зани танҳо ёрӣ расонанд,метавонанд ба рақамҳои зерин занг занад:

+992939338887

№корт (АЛИФ) 5058-2702-8960-2012

№корт (ДУШАНБЕ СИТИ) 5058-2703-6834-5418

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД