Arzon march 2024
Шоҳмотбози тоҷик ғолиби мусобиқаи шоҳмот дар АМА гардид
443

Фаррух Амонатов ягона гроссмейстери тоҷик аст, ки дар мусобиқаи Open FIDE Rated блитс бо фонди ҷоизаи 4 ҳазор доллар ҷойи 1-умро гирифт. Дар чаҳорчӯби ин мусобиқот ӯ дар 11 мусобиқа бар 332 ҳарифи кишварҳои дигар пирӯз шуд.

Амонатов Фаррух Ҳукуматович 13-уми апрели соли 1978 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, шатранҷбоз, гроссмейстер ва мураббии тими ҷавонони Русия оид ба шоҳмот аст. Ӯ дар синни 6-солагӣ ба шоҳмотбозӣ шуруъ кард. Соли 1995 мактаби миёнаи №20-и шаҳри Душанбе ва соли 2000-МТУСИ-и Маскавро хатм кардааст.

Чемпиони Осиё байни наврасон (1992), чемпиони Маскав (2004 - дар сабқати инфиродӣ, 2003 - байни бошгоҳҳо дар ҳайати ҶСК “Вертикал”) буда, дар соли 2005 ӯ ғолиби мусобиқаи Moscow Open шуд. Соли 2007 дар Суперфинали Чемпионати Русия ҷои 10-умро ишғол кард ва ҷоизаи ёдбуди Циолковскийро гирифт.

Фаррух Амонатов Чемпиони Тоҷикистон (2006) буда, дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 12 қаротиба (1996-2018) дар олимпиадаҳо иштирок карда, дар 11 маврид дар тахтаи 1 бозӣ кардааст. Соли 2015 барандаи медали нуқраи Чемпионати Русия шуд ва инчунин дар чемпионати Осиё ҷойи 3-юмро гирифт. Ӯ узви ситоди мураббиёни тими миллии Русия буда, ба тими миллии Ҳиндустон маслиҳат медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД