Formula novemver 2024
Шомаҳмад Камолов: Аз тӯй омадем, ки келин нест
1206

Зарёба Ҳакимова аз ноҳияи Хуросон ҳамроҳ бо ду кӯдаки хурдакакаш нопадид шудааст. Ин зани ҷавон саннаи 15 июн аз хона баромада рафтааст ва то ҳол бар нагаштааст. Хонаводаи худу шавҳараш дар ҳама ҷой ӯро меҷӯянд.

Хусури ӯ зимни суҳбат бо “Оила” гуфт, ҳамон рӯз келину фарзандонаш дар хона буданду ӯ ҳамроҳ бо ҳамсараш ба туй рафтанд, вале вақте баргаштанд, келинро дар хона наёфтанд.

Хонаводаи худи зан дар Руссия истиқомат мекунад ва аз хешу табораш пайваста суроғи ӯро мекунанд. Ҳам оилаи шавҳар ва ҳам хонадони худи духтар аллакай ба мақомот ариза дода, аз сокинон низ кӯмак хостаанд.

“Дар вақти набуданамон намедонам, ки барои чӣ чунин амалро кард. Бо ҳамсараш даъво кардааст ё чизи дигар, намедонам. Дар хона мо фақат се нафар - ману ҳамсару келинам бо ду кудак ҳастем. Яъне, касе аз аъзои хонавода ӯро ранҷонданаш ғайриимкон аст. Ҳамин, ки аз тӯй омадем, ӯ нест ва то ҳол аз худ хабар надодааст. Ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардем ва худамон низ нуқта ба нуқта кофта истодаем, аммо ҳеҷ нишоне нест”, - нақл намуд Шомаҳмад Камолов, падаршӯи Зарёба.

Ба қавли номбурда, қабл аз ин, келинашон як маротибаи дигар низ чунин амалро иҷро карда буд, аммо зуд баргашту зиндагиашро идома дод. Вале, акнун бо ду кӯдаку тифли батнаш нопадид шудааст, ки хонаводаро хавотир кардаанд.

Ба қавли хусураш, Зарёба соли гузашта назди шавҳараш ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта буд, вале барои фарзанди сеюмашро ба дунё овардан ба Тоҷикистон омадааст.

Хонаводаи онҳо аз сокинон хоҳиш доранд, ҳар нафаре ӯро ҷое дид ва ё аз ҳоли ӯву кӯдаконаш огоҳ шуд, бо рақамҳои +992 009 55 56 37, +992 902 20 01 09 занг зананд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД