Эътироф бояд кард, ки пештар аксар роҳҳои кишвар, аз ҷумла Душанбе – Чаноқ душворгузар маҳсуб мешуданд. Хушбахтона, роҳи мазкур имрӯз шоҳроҳест, ки тамоми фасли сол маркази ҷумҳуриро ба шимоли кишвар пайванд месозад. 16 сол қабл ба хотири дар чор фасли сол дар ҳоли хуб нигоҳ доштани роҳ нигоҳдории он ба зиммаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шуд.
Масъулини IRS ифтихорманданд, ки теъдоди шахсони барои масъулиятшиносӣ аз онҳо сипосгузор тамоюли афзоишро касб намудааст. Зеро онҳо шоҳиди ҳол мешаванд, ки тадбирандешиҳо дар роҳи мазкур хеле зиёд буда, филиали Ширкат рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба ҷо оварда истодааст.
Қаноатмандии шаҳрвандон асосан ба суръати баланди таъмиру таҷдиди роҳ, бетаъхир бартараф гардидани тармаҳо, мунтазам коркард шудани роҳ бо маводи зиддилағжиш ва ғайра рабт дорад. Дар баробари омилҳои зикршуда, мардум аз зебову назаррабо будани роҳ, ки ба шарофати хатҳои уфуқӣ имконпазир гардидааст, изҳори қаноатмандӣ менамоянд. Ашхоси қадршинос ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунанд, ки қаблан ронандагону мусофирон дар ин масир бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мешуданд, роҳ ҳамасола 7 моҳ баста буд. Кор кардан, ҷоеро обод намудан, дасти мадад ба дигарон дароз сохтан ба гуфтан осон аст. Мебояд ҳолати кунуниро бо солҳои пеш қиёс намоем, то хулосаи асосноку беғаразона ҳосил гардад.
Кишварамон, ки 93 дарсади қаламрави онро кӯҳистон ташкил медиҳад, ба се қисмат - Бадахшон, Суғд ва марказу ҷануб ҷудо шуда, ҳамасола то шаш моҳ рафтуомад байни ин гӯшаҳои диёр имконнопазир буд. Маҳз ташаббускории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ нақши бориз гузошт. Ҳамин иқдому дастовардҳо буданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои ҷаҳонӣ соли 2024 аз ҳисоби нишондиҳандаи сифати роҳҳо зинаи баландро ишғол намуд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Бо таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард давоми панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид».
Ҷоиз ба зикр аст, ки вобаста ба мавқеи ҷойгиршавӣ роҳи Душанбе - Чаноқ нигоҳубини 24 - соатаро тақозо дорад Каме беэътиноӣ ба нигоҳдории роҳ метавонад мушкил эҷод кунад ва бехатарии ронандагону мусофиронро зери суол барад. Аз ин рӯ, коргарони «IRS» дар чор фасли сол бекор намемонанд. Онҳо тирамоҳу зимистон мунтазам ба тоза кардани барфу коркарди роҳ бо маводи зиддилағзиш ва бартараф сохтани тармаҳо машѓуланд. Баҳору тобистон бошад, таҷдиду таъмири роҳ, бартараф сохтани паёмади бориши борону омадани сел, лағшиши кӯҳпораҳо ва соҳилмустаҳкамкунӣ самтҳои асосии фаъолият мебошанд. Илова бар ин, автомобилҳои дар роҳ дармондаро ба макони амн интиқол дода, мусофиронро муваққатан дар хонаҳои устоҳои роҳ ҷойгир карда, ба ронандагону мусофирон ғизо тақсим менамоянд. Дар баробари тоза нигоҳ доштани роҳ кормандони «IRS», ҳамчунин нисбат ба автомобилҳои дар роҳ дармонда ва ба садама дучоршуда низ бетафовут нестанд.
Дар ин муддат қариб 2, 7 миллион метри квадратии роҳи Душанбе - Чаноқро таъмиру азнавсозӣ шуда, зиёда 434780 тонна асфалт сарф гардидааст. Бояд мадди назар дошт, ки роҳи Душанбе - Чаноқ масирест, ки ҳамеша бо офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ мегардад. Мубориза бо ин офатҳо ва бартараф кардани зарари онҳо қувваи кориву хароҷоти зиёдро талаб менамояд. Муҳим он аст, ки «IRS» пайомади офатҳои табииро бетаъхир бартараф ва мунтазам роҳро таъмиру таҷдид карда истодааст.
Барои анҷом додани корҳое, ки зикр шуд ниёз ба техникаву технологияи навин аст. Ширкати «IRS» дорои пойгоҳи пурқуввати техники буда, техникаву механизмҳои он ба 242 адад расид. Аммо ин шумораи ниҳоӣ нест. Барои кори босифат ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ «IRS» дар оянда низ техникаву технологияҳои навтаринро харидорӣ менамояд.
Роҳи Душанбе – Чаноқ ба маънои том шоҳкорӣ ва маҳсули азми қавии Пешвои миллат маҳсуб шуда, зебогии он аз бинанда дил мебарад. Бо ин роҳу иншооти бузургу камназираш метавон ифтихор кард. Кӯҳҳои баландро шикофтанду роҳ сохтанд. Дар мавзеи Майхӯра нақби «Дӯстӣ» арзи ҳастӣ кард. Дарозтарин нақби кишвар - нақби Шаҳристон мавриди истифода қарор гирифт. Дар болои дарёи Сир, дар шаҳри Хуҷанд пули бузургу замонавӣ сохта шуд.
Ин бунёдкориҳо моро водор менамояд, ки иқтидори инсонро бори дигар эътироф ва нигоҳбони боэътимоди он - «IRS»-ро арҷгузорӣ намоем. Табиист, ки дар ин маврид гузашта низ пеши назар меояд. Хоса, роҳҳои харобу ранҷҳои беҳисоб, шукр, ки пушти сар шуданд. Ин ҳамаро, албатта, бояд шукр гуфт. Ва эътироф бояд намуд, ки ин дастовардҳо ба шарофати истиқлолият моро насиб гардид. Ҳаргиз фаромӯш набояд кард, ки солҳое, ки мо дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будем, ин орзуи деринаи сокинони сарзамини бостонии мо ҷомаи амал напӯшида буд.
Дар маҷмуъ, мо - тоҷику тоҷикистониён ифтихорманд бояд бошем, ки Пешвои миллати мо бунёдгузори роҳҳои зебои байналмилалие мебошанд, ки барои ояндаи неки ҷаҳону замон ва башар хизмат хоҳанд намуд.
Бобоҷони НЕЪМАТУЛЛО