Имрӯз 113-умин солгарди милоди яке аз чеҳраҳои намоёни адабиву фарҳангӣ ва ҷамъиятии миллати тоҷик - Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил карда мешавад.
Мирзо Турсунзода 2-юми майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи водии Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш усто Турсун яке аз ҳунармандони гулдасти ин водӣ ба шумор мерафт, вале аҳли оила зиндагии бисёр душвор ва қашшоқона доштанд. Худи Мирзо Турсунзода ҳаёти пур аз ранҷу азоби волидонашро дар як шеъраш чунин тавсир мекунад:
Модарам буд тирарӯю карахт.
Мисли бе баргу бор шохи дарахт.
Нолаву оҳашон ҳисоб надошт,
Зиндагишон ба ҷуз азоб надошт.
Усто Турсун мехост писараш соҳиби хату савод гардад ва мисли ӯ дар зиндагӣ азоб накашад, аз ҳамин хотир Мирзои хурдсолро дар назди муллои деҳа шогирд гузошт.
Пас аз ғалабаи инқилоби октябр дари бахту саодат ва илму маърифат ба рӯи мардуми камбағал боз гашта, дар деҳаи Қаратоғ мактаби нави советӣ кушода шуд. Мирзо Турсунзода яке аз аввалин толибилмони ин мактаб буд.
Ҳамин тавр солҳои 1925-26 дар интернати Душанбе таҳсил намуда, соли 1927 Турсунзода ба Дорулмуаллимини шаҳри Тошкент дохил мешавад ва соҳиби маълумоти олӣ мегардад.
Ин шоири машҳур фаъолияти худро ба сифати роҳбари шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» оғоз намуда, чанд сол бахши адабии Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкини вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. Соли 1935 вай ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ҳайси роҳбари шуъбаи ташкилотӣ-оммавӣ ба кор омада, сарварии бахши драматургияро бар дӯш мегирад.
Соли 1939 Мирзо Турсунзода Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таъин шуда, солиёни зиёде дар ин вазифаи пурмасъулият кору фаъолият намуд. Давраи роҳбарии Мирзо Турсунзода барои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон солҳои тиллоӣ ба шумор мераванд, зеро бо шарофати ғамхорӣ ва талошҳои ин шахсияти бонуфуз сатҳи адабиёт ва фарҳанги тоҷик дар ин солҳо хеле баланд рафт.
Фаъолияти эҷодии ин шоири номдор аз соли 1930 оғоз ёфта, аввалин маҷмӯаи шеърҳояш бо номи «Байрақи зафар» соли 1932 аз чоп баромадааст. Турсунзода аз зумраи сеҳмаҳсултарин шоирони тоҷик ба шумор меравад. “Хазон ва баҳор”, “Офтоби мамлакат”, «Манзараҳои Хӯҷанд», «Суруди ҷавонӣ», «Мамлакати тилоӣ», «Оҳанрабо», «Халқи далер», «Чаманистон», «Водии Ҳисор», «Мо аз Хоруғ омадем» хӯшае чанд аз боғи пурмеваи эҷоди шоиранд.
Аммо бояд гуфт, ки дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода достонҳои “Ҳасани аробакаш”, “Писари Ватан”, “Аз Ганг то Кремл”, “Қиссаи Ҳиндустон”, “Садои Осиё”, “Чароғи абадӣ” ва “Ҷони ширин” мавқеъи хос доранд. Соли 1960 Турсунзода барои достони «Ҳасани аробакаш» ва силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» бо Ҷоизаи Ленинӣ, соли 1964 барои достони «Ҷони ширин» ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ сарфароз гардонида шудааст.
Соли 1961 бо унвони баланди “Шоири халқии Тоҷикистон” сазовор гардида, аз соли 1951 академики Академияи улуми Тоҷикистон буд.
Мирзо Турсунзода дар баробари шоири сермаҳсул ва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданаш, ҳамчунин дар вазифаи пурмасъулияти Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо солҳо кор карда, барои устувор гаштани сулҳ дар ҷаҳон саҳми арзанда гузоштааст ва барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъл Неҳру мебошад.
Мирзо Турсунзода аз зумраи он шахсиятҳои бузург ва нотакрорест, ки дар садсолаҳо як бор ба дунё меоянд. Ин шоири тавоно ва марди бофазлу донишу хирад номи миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон баланд бар доштааст. Соли 2001 ба Мирзо Турсунзода унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шуд.