Arzon march 2024
Шодмон Ризоев аз мусобиқаи гӯштингирӣ мошин бурд кард
14.05.2025
Мирсаид
661

 

9-уми майи соли 2025 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик мусобиқаи гӯштини миллӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо иштироки паҳлавонони номдори кишвар ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар мусобиқа намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ маҳорати баланди гӯштингирӣ нишон дода, дар қисмати зиёди сабқатҳо бар ҳарифони худ дастболо гардиданд. Аз ҷумла, дар сабқати гирифтани Шоҳҷоиза миёни паҳлавонон рақобатҳо сурат гирифта, сарбози Баталиони фаврии таъиноти махсуси қисми ҳарбии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризоев Шодмон Амируллоевич маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо як чусту чолокӣ моҳирона бар рақибон ғолиб омад ва соҳиби Шоҳҷоиза - автомашинаи сабукрав гашт.

Тавре дар суҳбат бо мо худи сарбози қаторӣ Шодмон Ризоев иброз дошт, тӯли 7 моҳ мешавад, ки ӯ дар Баталиони фаврии таъиноти махсус хизмати ҳарбиро содиқона пеш бурда истодааст ва дар мусобиқаҳои варзишӣ низ фаъолона иштирок намуда, бо як қатор медалу Ифтихорномаҳо сазовор гардидааст.

Мавриди қайд аст, ки мусобиқаи мазкур дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст.

Мирсаид Сатториён

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД