Мо ҳамчун сарпарастони расмии Лигаи футзали Тоҷикистон натавонистем дар бораи ҳамкориҳои бисёрсолаи худ бо ин варзиш ва бахусус бозигарони он ҳарф назанем.
Соли 2022 мо ба тими миллии футзали Тоҷикистон кумаки молӣ расонидем. Ҳатто дар он вақт мо ба истеъдод ва маҳорати бузурги футзалбозони кишвар бовар доштем.
Илова бар ин, дар соли 2022 аз миёни номзадҳо ба унвони беҳтарин варзишгари сол тибқи фарзияи FORMULA55, бозигари тими миллии футзали Тоҷикистон - Файзалӣ Сардоров низ шомил шуд ва инчунин дар доираи лоиҳаи Тоҷикистон ба пеш, ин футзалбози маъруфи кишвар борҳо бо мукофот қадрдонӣ гардид.
Дар солҳои 2023 ва 2024 ду сол пайиҳам мо сарпарасти расмии Лигаи футзали Тоҷикистон гардидем.
Мо ҳамеша ба тими миллии футзали кишвар боварӣ доштем ва хеле шодем, ки меҳнату талошҳои онҳо чунин натичаҳои дилхоҳ медиҳад.