Ширкати чинии LTD «Chuangxinmeng» тасмим гирифтааст, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқиро бунёд намояд.
Масъалаи мазкур зимни вохӯрии роҳбарияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо намояндаи ширкати чинии LTD «Chuangxinmeng» мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳбари МОИ-и «Суғд» Муҳаммад Муҳаммадзода хонум Менг Минро бо фаъолияти минтақа шинос карда, дар бораи имтиёзҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорони хориҷӣ маълумот додааст. Ҷонибҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли дучарха ва сечархаҳои барқӣ изҳори ҳавасмандӣ намудаанд.
Молу маҳсулоти дар корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии Суғд истеҳсолшаванда натанҳо талаботи бозори дохилиро қонеъ месозанд, балки ҳамзамон ба давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркманистон, Олмон, Ироқ, Туркия ва Федератсияи Русия содирот карда мешаванд.