arzon replenishment
Шир ба кӣ фоида дорад, ба кӣ зарар?
1141

Шир дар баробари бомазза буданаш яке аз ғизоҳои бениҳоят муфид ба ҳисоб меравад. Дар таркиби он моддҳои барои ҷисми инсон хеле фоиданок аз қабили кальций, фосфор ва аминокислотаҳо зиёданд. Туфайли ҳамин моддаҳои муфидаш шир фишори хунро паст намуда, асабро ором месозад. Аз ҳамин хотир табибони асабшинос пеш аз хоб нӯшидани як пиёла ширро тавсия медиҳад. Аммо хӯрдани шир ба баъзеҳо зарар дорад. Имрӯз мо дар бораи хусусиятҳои зараровари шир маълумот медиҳем.

Шир боиси дамиши шикам мегардад,агар...
Барои он ки шир хуб ҳазм шавад, ҷисми инсон бояд ба миқдори зарурӣ лактоза ҳосил намояд. Агар дар организми шумо норасоии лактоза вуҷуд дошта бошад, хӯрдани шир боиси дамиш кардани шикам мегардад. Норасоии лактоза дар организм аксаран ирсӣ мешавад, вале баъзан бемориҳои рӯдаву меъда ва ҷарроҳии рӯда низ ба ин иллат бурда мерасонад.
Ногуфта намонад, ки шир баъзе одамонро ба шикамрав гирифтор месозад.

Ба одамони калонсол шир зарар дорад?
Шир асосон ба кӯдакону наврасон фоида дорад. Бо мурури замон истеъмоли онро кам кардан лозим аст. Табибон ба шахсони аз 25 то 35 сола дар як шабонарӯз нӯшидани на зиёдтар аз 3 пиёла ширро тавсия медиҳанд. Пас аз 35 солагӣ 2 пёла ва баъди 45 солагӣ ҳамагӣ як пиёла шир дар як шабонарӯз кифоя аст.
Бо рафтани синну сол ҳазм намудани шир барои ҷисми инсон душвортар мешавад, вале ин чунин маънӣ надорад, ки одамони калонсол бояд тамоман шир нахӯранд. Ҳамааш ба хусусиятҳои хоси ҷисми инсон вобастагӣ дорад. Шахсоне ҳастанд, ки баъди 60-солагӣ низ ҷисмашон аз лактоза саршор аст ва метавонанд ҳар қадаре, ки мехоҳанд, шир хӯранд. Шумо пас аз нӯшидани шир ягон мушкилиро эҳсос накунед, метавонед дилпурона ҳар саҳар ғизои ширӣ истеъмол намуда, ҷисми худро аз калсий ва дигар моддаҳои муфид шодоб созед.

Аллергия дошта бошӣ, шир нахӯр!
Баъзе одамон аз шир аллергия доранд ва баъди хӯрдани хӯрокҳои ширӣ дар баданашон доначаҳо медамад. Дар баъзе ҳолатҳо шир метавонад боиси шиддат гирифтани бемории астма гардад, бинобар ин, ба шахсоне, ки аллергия доранд, маслиҳат медиҳем, ки дар нӯшидани шир ва хӯрдани хӯрокҳои ширӣ эҳтиёт бошанд.

Гурдаҳоятон санг доранд?
Одамоне, ки гурдаҳояшон санг доранд, хӯрдани шир метавонад боиси хуруҷи бемориашон гардад. Пайдошавии сангҳои фосфати дар гурда ирсӣ буда, мавҷудияти сангро дар гурда бо роҳи ташхиси ултрасадо ва ё супурдани пешоб аниқ кардан мумкин аст
Ба одамони аз 55-сола боло шир тавсия дода намешавад.

Дар таркиби шир кислотаи миристин мавҷуд мебошад, ки боиси авҷ гирифтани атеросклероз гашта метавонад. Маъмулан ин беморӣ баъди 55-солагӣ пайдо мешавад, бинобар ин, ба шахсоне, ки синну солашон ба 60 наздик шудааст, маслиҳат медиҳем, ки камтар шир ва ғизоҳои ширӣ хӯранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД