Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти бунёди корхонаи истеҳсолии «Афзали Нур» шинос гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят, корхонаи мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти неруи истеҳсоливу содиротии мамлакат бунёд гардида, дар он истеҳсоли ҷӯроб ба роҳ монда мешавад.
- Корхона аз ҷониби ширкати бисёрсоҳавии илмӣ-техникии «Нур» бунёд шуда, 100 адад таҷҳизоти истеҳсолӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид карда шудааст. Дар корхона дар як моҳ то 600 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол гардида, ба бозори дохилӣ бароварда хоҳад шуд. Тибқи талабот як қисми маҳсулоти истеҳсолшаванда содирот мегардад,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи аввал 50 нафар занону духтарон бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби ширкат ташкили корхонаву марказҳои хизматрасонӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шаванд.