arzon replenishment
ШИКОЯТИ ПИРАМАРДИ 70-СОЛА АЗ КЕЛИНАШ ВА ПИСАРАШ
1391



Дар яке аз минтақаҳои Ввилояти Суғд ба мо як мӯйсафеди тақрибан 70- сола муроҷиат намуда, аз хушунат диданаш аз тарафи келин ва писараш шикоят кард.

Ин пирамард қайд кард, ки дар оила келину писараш ӯро пайваста зери шиканҷа қарор мегиранд ва дигар ба ин ранҷу азоб тоб наоварда, ба мо муроҷиат кардааст.
Ин нуқта дар нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода садо дод. Бобозода гуфт, масъалаи зӯроварӣ дар оила яке аз мушкилиҳои мубрам маҳсуб ёфта, яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ваколатдор маҳсуб меёбад.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, дар ин самт тадбирҳои зиёде аз тарафи Ҳукумати кишвар низ андешида шудаанд, вале тибқи маълумотҳои оморӣ зиёда аз 4000 нафар ба Вазорати корҳои дохилӣ аз дубор шудан ба хушунат ва зӯроварии хонаводагӣ шикоят бурда, ҳудиди 700 нафарашн мардон ва боқӣ ҳама занону духтарон ҳастанд. Мардн бештар ба зӯроварии иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
“Яке аз занҳое, ки зери зӯроварии оила қарор дошт, ба мо муроҷиат намуд. Ҳамсараш ин занро пайваста зери латту куб қарор медодааст. Дар якҷоягӣ бо вазоарти корҳои дохилии кишвар нисбати арзи ин муроҷиаткунанда кор бурдем ва ба шавҳари зан ҷазо таъин карда шудааст”-гуфт ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода.

Қобили тазаккур аст, ки дар Ҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи бузурги “Нури Рушноӣ” фаъолият менамояд, ки самти асосиаш мубориза бо зӯроварии хонаводагӣ дар ҷомеа ва оила мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД