Arzon march 2024
ШИКОЯТИ КЕЛИН АЗ ХУСУР
6767

 

Ҳар як фарди мусалмон хуб медонад, ки талоқ назди худованд бадтарини ҳалолҳост ва вақте ки мард ин калимаро ба забон мегирад, аршу курсӣ ва замину осмон ба ларза меояд, аммо новобаста ба ин, ҷудошавии оилаҳо пайваста рӯ ба афзоиш дорад.

Ба якдигар муҳаббат надоштани зану шавҳар, рост наомадани ситораи келину хушдоман, дахолати хоҳаршӯю додаршӯй, эроду мудохилаи хусур ба ҳаёти навхонадорон, мавҷуд будани хушунат ва зӯроварӣ дар оила аз сабабҳои асосии пош хӯрдани оилаҳои ҷавон ба ҳисоб мераванд.

Бадбахтона, на ҳама ҷуфтҳо метавонанд баъди ҷудо шудан ҳамдигарро ҳамчун инсон ҳурмату эҳтиром намоянд. Аксаран талоқ бо ҷангу ҷанҷолҳои шадиди оилавӣ сурат мегирад ва ҳатто баъди пош хӯрдани оила ҳам ин моҷароҳо идома ёфта, собиқ зану шавҳарон ва аҳли хонаводаашон ҳамдигарро ором намегузоранд. Одамоне, ки замоне зери як бом мезистанд ва аз як дастурхон нон мехӯрданд, душмани ҷони ҳамдигар гашта, кӯшиш мекунанд, ки тамоми ифлосиҳои оламро ба сари якдигар резанд.

Далели равшани ин гуфтаҳо номаи шикоятии як ҷавонзани тоҷик бо исми Ибодат Алиева мебошад, ки ба қавли худаш, наздикони собиқ шавҳараш ӯро байни мардум шармандаву бе обрӯ кардан мехоҳанд. Ибодат мегӯяд, оилаи онҳо асосан бо айби падари фарзандонаш вайрон шуд, вале пайвандони собиқ шавҳараш баъди талоқ низ ӯро ба ҳоли худаш намонда, шаъну шарафашро дар байни халқ паст ва бачаҳояшро бо модар душман кардан мехоҳанд.
Мо номаи ин зани танҳоро бидуни таҳрир манзури шумо мегардонем ва умед мебандем, ки арзи Ибодат ба мақомотҳои дахлдор мерасаду ин масъаларо аз рӯйи қонун санҷида мебароянд.

Муроҷиати як зани танҳо ба раиси суди олӣ ва прокурори генералии Тоҷикистон
Ба Раиси Суди олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва Прокурори Генералии ҷумҳурӣ Юсуф Раҳмон Аҳмадзод!
Ман Алимова Ибодат, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷавонон, хонаи 11-и ноҳияи Шоҳмансур, соли таваллудам 31.03.1990.
18-уми октябри соли 2008 ба шаҳрванд Алимов Акмал Акбарович, соли таваллудаш 20.01.1986 ба шавҳар баромадам.

Нооромӣ дар зиндагии ману Акмал соли 2012 баъди сафар кардани шавҳарам ба Канада оғоз ёфт. Пас аз рафтани ҳамсарам ман дар хонаи хусуру хушдоманам зиндагӣ намуда, хизмати волидони Акмалро мекардам, аммо шавҳарам дар он ҷо бо як зани дигар муносибатҳои ошиқонаро сар карда, билохира бо ӯ издивоҷ намуд. Акмал баъди зани нав гирифтанаш нисбати ману фарзандонам бепарво шуда, ба зиндагӣ бисёр хунукназарона муносибат менамуд. Баъди аз Канада баргаштанаш вай масъалаи ҷудошавиро ба миён гузошта, баҳона кард, ки дигар маро дӯст намедорад. Ба хотири вайрон гашудани оила ва зиндаятим нагаштани бачаҳоям ман ин пешниҳодро қабул накардам. Ҳамин тавр байни ману шавҳарам нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷол сар шуд ва Акмал боз ба Канада рафт.
Хоҳаршуям Қодирова Дилноза ба ман маслиҳат дод, ки барои гарм кардани дили шавҳарам ба ӯ расмҳои нимурёнамро фиристам. Ман ин маслиҳати хоҳаршӯямро дӯстона пиндошта, расмҳои нимурёнамро ба Акмал фиристодам, вале фоида накард. Билохира, баъди моҷароҳои зиёди оилавӣ мо аз ҳам ҷудо шудем. Ногуфта намонад, ки суд ба мо барои оштишавӣ шаш моҳ мӯҳлат дода буд ва рӯзе, ки ақди никоҳамонро бекор карданд, шавҳарам дар толори суд ҳузур надошт.

Шавҳарам бо ин ҳам ором нашуда, ҳамон аксҳои нимурёни маро бо мақсади паст намудани шаъну шараф ва резондани обрӯю эътиборам ба падарам фиристод. Хусурам Алимов Акбар ба ҷойи он ки писарашро насиҳат кунад, баъдан худаш ҳамон аксҳоро дар тамоми сомонаҳои интернетӣ паҳн карда, обрӯи маро резонд.
Мо соли 2016 ҷудо шуда будем ва ман бо ҷангу ҷанҷол барои фарзандонам 160 сомонӣ алимент талаб кардам, аммо аз байн чр сол гузашта бошад ҳам, то ин дам барои фарзандонам аз ҷониби оилаи шавҳарам ягон намуди кӯмакро надидаам. Суд муқаррар кардааст, ки кӯдакон бояд дар рӯзҳои истироҳат ба хонаи шавҳарам раванд, вале аъзоёни оилаи шавҳарам ҳамон аксҳои маро ба фарзандонам нишон дода, бо ҳамин роҳ кӯдаконро бо модар душман гардонидан мехоҳанд. Ягона чизе, ки онҳо мехоҳанд,ин гирифтани кӯдакон аз ман аст, чунки писари ман ягона писари ин оила ба шумор меравад.

Ду сол пеш писарам дар мактаб афтида чанд ҷойи дасташро сиёҳу кабуд карда буд. Хусурам Алимов Акбар ва хоҳаршӯям Қодирова Дилноза бо мақсади аз ман кашида гирифтани фарзандонам баъди ду сол он расмҳоро дар интеренет паҳн карда гуфтаанд, ки гӯё ман бисёр модари бераҳм ҳастам ва бачаро чунин бераҳмона зада сиёҳу кабуд кардаам. Барои қиёс кардан ман ҳамон расм ва акси ба наздикӣ гирифтаи фарзандамро ба шумо мефиристам. Пай бурдан душвор нест, ки дар бадали ин ду сол бача калонтар шуда, таййир ёфтааст.
Ман ҳамчун як модари танҳо аз шумо кӯмак мехоҳам. Илтимос, ба додам бирасед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД