Равшанбек Юлдошев, продюсери ӯзбек, соҳибкор дар соҳаи шоу-бизнес ва асосгузори ширкати «Tarona Records» санаи 30-юми март дар синни 59-солагӣ дар шаҳри Тошканд даргузаштааст.
Дар ин бора расонаҳои ӯзбекӣ бо такя ба дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон хабар додаанд. Сабаби марги марҳум на «коронавирус», балки сактаи қалб гуфта мешавад. Равшанбек Юлдошев падари овозхон Лола Юлдошева ва собиқ шавҳари овозхон Шаҳзода (Зилола Мӯсоева) мебошад. Шаҳзода аз издивоҷи дувум бо Равшанбек як писар бо исми Холид (2013) дорад. Аз шавҳари аввалааш низ як писар бо номи Солеҳ ҳамроҳаш аст. Дар бораи паҳлӯҳои дигари ҳаёти ин ситораҳо маълумотҳои дақиқе вуҷуд надорад. Равшанбек Юлдошев 2-юми апрели соли 1961 ба дунё омадааст. Агар умр вафо мекард, имсол 60-солагии худро таҷлил мекард. Мавсуф соли 1997 ширкати «Tarona Records»-ро таъсис дода буд, ки дар фазои шоу-бизнеси ӯзбек пешқадамтарин ширкати истеҳсоли маводҳои аудиоӣ ба ҳисоб меравад.
Фарҷоми талхи умри ширини Мижгона
Ширкати мазкур таҳти тамғаи «Тарона концерт» баргузории барномаҳои консертию чорабиниҳои фарҳангӣ ва таҳти тамғаи «Tarona Audio» истеҳсоли маводҳои аудиоиро ба ӯҳда дорад. Ҳамчунин, телевизион ва радиои «Марказ ТВ» низ қисме аз ҳамин ширкат аст. Марҳум санаи 31-уми март ба хок супорида шуд ва санъаткорони ӯзбек марги Равшанбек Юлдошевро талафоти бузург дар шоу-бизнеси ӯзбек меҳисобанд.
Тахмина Раҷабоваро ба КАРАНТИН бурданд. Чаро?