arzon replenishment
ШАВҲАРИ НАВИ СУРАЙЁ ҚОСИМОВА: БА ҲАЁТИ ШАХСИИ МАН КОРДОР НАШАВЕД!
05.10.2020
Р. Азимӣ
16515


Пулод Шаропов, шавҳари нави сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик, Сурайё Қосимова дар паёми хурди видеоӣ, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ паҳн шудааст, аз мардум хоҳиш кардааст, ки ӯро ба ҳоли худаш гузоранд ва ба зиндагии шахсиаш кордор нашаванд.


“Салом Алейкум.Мехоҳам як чизро ба шумо гуям. Ба ҳаёти шахсии ман кордор нашавед! Илтимос мекунам! Ҳарчи нагӯед! Ин ҳаёт ва зиндагии ман аст. Ва зиндагии ман ба шумо дахл надорад. Хапу хомуш ба кору бори худатон давом диҳед. Ман чӣ кор мекунам ё намекунам инаш кори худам. Барои ҳамин аз шумо хоҳиш мекунам, ки ҳар чиз нагӯед! Ташаккур!”.

Пулод Шаропов 45-сол дорад. Ба гуфтаи худаш ӯ соҳибкор асту пайваста ба варзиш машғул мешавад. Сурайё Қосимова –ҳамсари дуюми ӯ мебошад. Аз ҳамсари якумаш ӯ се фарзанд дорад.

“Издивоҷи ман бо Сурайё аз барои молу сарват ва шуҳрати ӯ нест,балки нишонаи ишқи поку чандинсолаи мо мебошад.Бигузор ҳама одамоне,ки дар сомонаҳои интернетӣ ҳаёти шахсии маро ғайбат мекунанд, мисли ман хушбахт бошанд”-мегуяд Шаропов.

Дар моҳи сентябр издивоҷи Сурайё Қосимоваи 63-сола бо марди аз худаш 18-сол хурд баҳси бузурге дар ҷомеаро ба вуҷуд овард.

Дар пайи нашри наворҳои хонадоршавии Сурайё Қосимова маълум шуд, ки шавҳари нави ӯ Пӯлод Шаропов ном дошта, варзишкор ва соҳибкор мебошад

Ногуфта намонад, ки Пӯлод Шаропов ҳанӯз аз солҳои қабл дар саҳифаҳои иҷтимоияш ба таблиғи консертҳои Сурайё Қосимова машғул шуда, ҳамчунин наворҳои шуғлаш ба варзишро нашр намудааст.

Шаропов инчунин мегӯяд, фарқияти синнаш бо Сурайё Қосимова на ба ҳаддест, ки дар шабакаҳо овоза шудааст. 

Бар асоси аксу наворҳое, ки Шаропов дар саҳифаи иҷтимоияш нашр кардааст, ӯ дӯстдори варзиш буда, муштзанӣ ва ҳунарҳои размии омехтаро меписандад.

Қаблан бо нашри наворҳо аз маросими хонадоршавии Сурайё Қосимова хабар дода шуд, ки чанд рӯз пеш Қосимова бо ҷавони 32-сола издивоҷ кард. Ба гуфтаи як манбаъ, ҷавон чанд сол ошиқи ҳунарманд буд.

"Дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки гӯё ҷавон барои пулу моли хонум Сурайё ӯро ба занӣ гирифтааст.

"Дурӯғи маҳз аст! Ҳаминро метавонам гӯям, ки ӯ солҳо боз ошиқи Сурайё Қосимова буд ва худаш ҳам марди доро аст", - изҳор дошт" Шаропов.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД