Formula novemver 2024
ШАВҲАРИ МАТЛУБА КИСТ?
06.03.2021
ОИЛА
5215

Матлуба Раҳимова, овозхони 34-солаи тоҷик баъди ба шавҳар баромадан бори аввал дар бораи ҳаёти мустақилонааш қисса кард. Ӯ, ки то ин дам кӣ ва ба чӣ кор машғул будани шавҳарашро пинҳон мекард, чанде қабл дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев ошкор намуд.

Шавҳари овозхон писараммааш Умед Ашӯров буда, ӯ низ нобиност ва дар бахши фарҳанги ноҳияи Ёвон ба ҳайси овозхон фаъолият мекунад. Ҷуфти ҳунарманд феълан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд ва Умед дар ду-се рӯз як маротиба ба ҷои кораш меравад.

“Ману шавҳарам дар як авлод ба дунё омадем, дар як синф чор-панҷ соли аввал таҳсил кардем. Вақте мактабро хатм намудем, ҳамкасбу ҳамкор шудем. Ишқи давраи бачагиву наврасии мо ба як ишқи бузург табдил ёфт ва ҷозибаи ин ишқ моро ба ҳам овард. Пас аз тӯй зиндагиамон хуб аст, шикояте надорам ва аз марде, ки аз байни ҳазорон хостгору харидору талабгор интихоб намудам, розиям. Барои пойдор мондани ин ишқ то ҷон дорам кӯшиш мекунам ва дуо мекунам, ки ҳамаи дилдодаҳо мисли мо хушбахт бошанд”,-мегӯяд Матлуба. 


Ёдовар мешавем, ки тӯйи арӯсии Матлуба Раҳимова охири моҳи сентябри соли гузашта дар зодгоҳаш ноҳияи Ёвон бо иштироки ҳунармандони шинохта Сурайё Қосимова, Фарзонаи Хуршед, Моҳираи Тоҳирӣ, Далери Хайриддин ва дигарон баргузор гардида буд.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД