Arzon march 2024
ШАВҲАРИ ДУЮМ МАРО ТОҶИ САР МЕКУНАД!
6644

 

Ману шавҳарам беш аз 10 сол якҷоя зиндагӣ карда фарзанддор нашудем. Ниҳоят як шаб шавҳарам буғзи дилашро кафонда гуфт: «Шоҳида, то кай мо бефарзанд зиндагӣ мекунем?

Тоқатам тоқ шуд, охир то ба кай таънаи хешу табор ва ёру ҷӯраҳоямро шунавам !” Аламам рӯ зада, чашмонам ҳавзи об гаштанд, вале лаб газида гуфтам: “Зани нав гирифтанӣ бошӣ, аввал ҷавоби маро деҳу баъд зан бигир!” Шавҳарам розӣ нашуда, зорию тавалло кард, ки иҷозат диҳам зани дигар бигирад. Қасам хӯрд, ки маро то охири умраш намепартояд. Ночор ба тақдир тан додам. Дар байни як ҳафта шавҳарам ҷавонзани шавҳармурдаеро ёфта ба никоҳаш даровард. Бо маслиҳати хусуру хушдоманам арӯсро ба хонаи дигарамон бурданд. Акнун ман шабҳоро бе оби дида саҳар намекардам.

Модарам рӯз то рӯз хазон шудани гули рӯйи маро дида синачок мешуд ва маслиҳат медод, ки аз шавҳарам ҷудо шуда, шавҳари дигар кунам, вале хусуру хушдоманам доманамро бо чормағзи пуч пур карда “Довуд ҳеҷ гоҳ туро сар намедиҳад, тоқат кун, зани дуюмаш таваллуд кунад, бачаашро гирифта ба ту медиҳем, худат калон мекунӣ ” мегуфтанд. Оҳиста-оҳиста рафтори шавҳари дузанаам тамоман дигар шуда монд. Акнун вай ҳафтаҳою моҳҳо маро суроғ намекард. Эҳсос кардам, ки ман дигар дар ин хона келин не, танҳо як хизматгори бе пул шуда мондаам, косаи сабрам лабрез гашту ду-се либосамро гирифта ба хонаи модарам омадам. Довуд як ҳафта пас ба суроғам омад. “Бо арӯси нават хушбахт бош” гуфта, талоқамро талаб намудам. Аввал розӣ нашуд, вале баъд бо дахолати хешу ақрабо ҷавобамро дод. Акнун хостгорон пай дар пай дарамонро мекӯфтанд.

Аз байни талабгорони бешумор ҷавонмарди 37- солаи занмурдаеро интихоб намудам. Шавҳари дуюмам маро аз рӯзи аввали зиндагӣ тоҷи сар намуда, намегузошт, ки лаҳзае ғамгин бошам. Намедонам оҳи диламро Худованд шунид ё тақдирам аз азал чунин будааст, ки аз ин шавҳарам ба зудӣ ҳомиладор шудам. Овозаи ба қарибӣ модар шудани ман дар деҳа паҳн гашта то ба гӯши шавҳари якумам низ расидааст. Довуд, ки кунун аз зани дуюмаш ҳам фарзанддор нашудааст, ин хабарро шунида, ғамгин шудааст, вале дигар барои ман фарқ надорад, ки ӯ ғам мехурад, хафа мешавад ё сарашро ба дару девор мезанад. Акнун ман зани хушбахтам! Ягона чизе, ки боиси афсӯси ман аст, беҳуда 10 соли зиндагиамро бо ғаму ғусса сипарӣ карданам асту халос!

Шоҳидаи хушбахт, аз н. Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД