Роҳилаи шавҳардузд! Чаро мисли соя аз паси шавҳари ман мегардӣ? Чандин марди соҳиби зану фарзандро хонавайрон кардӣ, акнун навбати шавҳари ман шуд? Мехоҳӣ сари мардакамро бо бечоранолӣ гаранг карда, оқибат ӯро аз худ намоӣ?
Ин хобатро ба об гӯй касофат! Хаёл накун, ки ба назди мулло рафта, шавҳари маро ҷоду карданатро намедонам. Ту чи коре мекунӣ, ҳамаашро ба ман як ба як мерасонанд. Гумон мекунӣ, ки бо сеҳру ҷоду шавҳари маро аз худ мекунӣ? Беҳтараш ин хобатро рафта ба об гӯй! Беваи шавҳаргадо, дониста бош, ман аз он занҳои даҳонвозе, ки ту пештар шавҳарҳояшонро ба домат афтонида будӣ, нестам.
Як бори дигар туро дар коргоҳи шавҳарам бубинам, рӯзатро сиёҳ мекунам! Худованд туро аз як чашм маҳрум намуд, то ки дигар думболи мардҳои бегона нагардӣ, Мехоҳӣ, ки занҳои шавҳардор ин чашматро ҳам зада кӯр кунанд, худозада?!
Роҳила, ту ҳоло бо собуни ман ҷома нашустаӣ, намедонӣ бо кӣ сару кор дорӣ, бори охир огоҳат мекунам, думболи мардаки ман нагард! Мабодо як бори дигар туро дар назди шавҳарам бубинам, бовар кун, чунон адабатро медиҳам, ки аз таваллуд шуданат пушаймон мешавӣ!
Муштарии 93..... 94-60