Formula novemver 2024
ШАВҲАРАМРО ИНТИХОБ КУНАМ Ё ИШҚИ АВВАЛАМРО?
02.12.2020
ОИЛА
8515

Ман бо як ҷавон, ки ҳамсояамон буд, ҳанӯз аз соли 2004 риштаи дӯстӣ баста будам. Қариб 7-сол аз ҳама пинҳонӣ бо ҳамдигар суҳбатҳои ширини телефонӣ мекардем. Азбаски падарам одами калоншаванда ва бисёр бадқаҳр буд, аз тарс ба вохӯрӣ намерафтам, вале ҳар рӯз аз тирезаи хонаамон бо ҳамсоябача чақ-чақ мекардам.

Соли 2008 вай ба Русия сафар карда ваъда дод, ки баъди баргаштанаш маро бо тӯю тамошо арӯс карда ба хонаашон мебарад. Бо умед чанд сол роҳашро интизор шудам, вале соли 2011 баргашту аз ман пинҳонӣ ба як духтари дигар хостгор фиристод. Ин гапро аз забони як хешашон шунида фиғонам ба фалак печид. Занг зада рост ё дурӯғ будани ин хабарро пурсон шудам, гапро ба дигар тараф бурда: «касе туро аз роҳ задан мехоҳад» гуфт, вале моҳи январи соли 2012 тӯйи арӯсию домодиашон баргузор гашта, умедҳои ман барбод рафтанд.

Аз ғаму алам ба бемории асаб гирифтор шудам. Падарам маро қариб ба тамоми беморхонаҳои Тоҷикистон бурд, аммо ягон натиҷа надод. Дигар духтарҳои хиёнатдида барин ашк намерехтам, нолаву фарёд намекардам, танҳо ба дилам мегиристам. Афсӯс мехӯрдам, ки чаро як бевафоро дӯст дошта, 7 соли умрамро беҳуда хазон намудам….

Қисса кӯтоҳ охири ҳамон сол ман ҳам ба шавҳар баромадам. Шавҳарам одами хуб баромад, то тӯй якдигарро надида бошем ҳам, якдигарро ҳурмату эҳтиром менамудем. Баъди ба шавҳар баромаданам ошиқи бевафоям аз карда пушаймон шуда, боз домони маро дошт. Аз куҷое рақами телефонамро ёфта, мудом занг мезаду зориву тавалло карда мегуфт, ки аз шавҳарат ҷудо шав, ман ҳам занамро сар медиҳаму туро ба занӣ мегирам. Ба гапаш бовар намекардам, вале ишқаш ҳамоно дар дилам маъво дошт. Қариб фирефтаи ваъдаҳои осмониаш гашта аз шавҳарам ҷудо шуда будам, вале дар ин миён занаш таваллуд карду ман аз раъйам гаштам. Ҳарчанд зораву тавалло кард, дигар қабулаш накардам, чунки намехостам фарзандашро ятиму занашро бева созам. Азбаски шавҳари ман хона надошт, падарам аз ҳамон кӯчаи худамон дар ҳамсоягии собиқ ошиқам барои мо хона харида дод. Аз тирезаи хонаи хоби мо хонаи онҳо баръало намуда меистад. Ҳар гоҳ ӯро бо занаш бинам, дарун ба дарун сӯхта хокистар мешавам. Ошиқи бемеҳру бевафоям аллакай падари ду фарзанд шудааст, ман бошам, то ҳол аз чашидани лаззати модарӣ маҳрумам.

Шавҳарамро ҳурмат мекунам, каме дертар биёяд, хавотир мешавам, вале аз чӣ бошад, ки ишқи авваламро ҳеҷ фаромӯш карда наметавонам. Медонам, ки шавҳарам сад бор аз ошиқи хиёнаткорам беҳтар аст. Дар тули ҳаёти якҷояамон боре бо ман сахт гап назадааст, чӣ нозу нузе, ки накунам, мебардорад, аммо ин дили аблаҳи ман ӯро не, ҳамон бевафоро дӯст медорад. Чандин бор бефарзандиамонро баҳона карда ба мардакам гуфтам, ки биё ҷудо шавем, шояд зани дигар гирифта бачадор мешавӣ, вале ҳар дафъа рад карда: «занакҷон, ман туро дӯст медорам ва ҳатто як лаҳза ҳам ҳаётамро бе ту тасаввур карда наметавонам» мегӯяд. Ростӣ, мо дар зиндагӣ аз чизе танқисӣ намекашем. Шавҳарамро ба наздикӣ дар як корхонаи бонуфуз роҳбар таъйин карданд, худам ҳам ҷойи кори хуб ва маоши баланд дорам.

Ба оилаи мо танҳо як чиз намерасад-фарзанд! Бо ҳама дороӣ зиндагӣ бе фарзанд дар назарам биёбонро мемонад. Фикру хаёли бисёр маро одамгурез кардааст. Майли ба ягон тӯю маърака рафтан надорам. Дӯст ё дугонае надорам, ки дарди диламро бигӯям. Метарсам, ки оқибат аз по афтида бемор шуда мемонам. Барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат намудам, ки аз хонандагони азизаш маслиҳат бипурсам. Илтимос, ба ман роҳи дурусти зиндагиро нишон диҳед, то хато карда аз карда пушаймон нашавам. Аз шавҳарам ҷудо шуда домони ишқи авваламро дорам ё ба тақдир тан дода ягон кӯдакро аз ятимхона ба фарзандӣ бигирам?

Мутриба, шаҳри Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД