...Ман худамро дошта натавонистаму исён бардоштам ва ӯ ба ҷойи узр маро мутаҳҳам кард, ки ту ба худат нигоҳ намекунию аз замона қафо мондаӣ! Чизе нагуфтаму калиди хонаи писарамро гирифта, ба хонаи ӯ рафтам.
Пеш аз тӯяш барои писарам дар маркази шаҳр хонаи дуҳуҷрагие харида будему он ба номи ман буд. Шавҳарам маро дигар суроғ накард, як сол ба ҳамин минвол гузашт. Писару духтарам низ аз ин кори падарашон огаҳ шуда, аз вай рӯй гардонданд. Шавҳарам бо ҳамон бону, ки сарвари як “Кошонаи ҳусн” будааст, хонадор шуд...
Сурайё Қосимоваро 15 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд
...“Апаи Сурайёро ба ҳар чорабиние, ки даъват кунем, бе инҷиқӣ қабул мекунад, сари вақт меояд ва аз сидқи дил ба мардум хизмат мекунад. Ин дар ҳолест, ки дигар ҳунармандон барои иштирок дар як чорабинӣ то 10 ҳазор сомонӣ талаб мекунанд. Апаи Сурайё бо ҳамин ҳунари волояш аз ҳисоби худ меояд ва ройгон хизмат мекунад. Моҳонаи каме, ки аз ин ҷо мегирифт, маҳз барои ҳамин хизматҳояш буд”,-гуфтааст Абдураҳим Одинаев, мудири бахши Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ба хабаргузории “Пайк”...
Ошиқамро хонавайрон мекунам
...Бар замми ҳамаи ин, бародари Диловарро аллакай зан дода буданд, аз ин рӯ, онҳо якбора аз фикрашон гаштанд. Волидони Диловар ният доштанд, ки моро дар хонаи иҷора ҷой кунанд, вале ин хулосаашон ғазаби волидайни маро хезонд ва якбора тӯйи деринтизори ману Диловар қатъ гардид. Бо ҳамин, дигар ҳар ду ҷониб ба як мӯза по андохта, ҳар яке талаботи хешро пеш мегузошт. Санаи тӯй низ наздик мешуд, аммо дигар аз тӯй хабаре набуд. Ҳама ёру дӯстон, хешу ақрабо ангушти ҳайрат мегазиданд ва интизори натиҷаи кор мешуданд...
Савр ё асад: зодагони зери кадом бурҷ танбалтаранд?
...Нависанда ва ситорашинос Самарпита Яшасвинӣ танбалтарин зодагони зери бурҷи дувоздаҳгонаро номбар кардааст, ки намояндагони онҳо барои ба даст овардани сарват, шӯҳрат ва муваффақият шабу рӯз кор карданро дӯст намедоранд. Ба гуфтаи ин хонуми ситорашинос, яке аз намояндагони танбал саврҳо мебошанд. Онҳо дӯст намедоранд, ки рӯзи дароз дар дафтари корӣ бишинанд ва ҳамарӯза кори якрангро анҷом бидиҳанд. Саврҳо дӯст медоранд, ки соҳиби хонаву дари боҳашамат ва мошинҳои гаронбаҳо бошанду бе дарду ғам зиндагӣ кунанд, вале...
Қоидаҳои ранг кардани мӯй дар шароити хона
...Қабл аз молидани ранг, ба пӯсти атрофи мӯйи сар малҳами дилхоҳи равғанин ё равған молед, он гоҳ пӯстатон ранг намегираду осеб ҳам намеёбад. Аз асбобҳои қисман ё пурра металлӣ истифода набаред, чунки таъсири мутақобили металл ва ранг ба мӯйҳо зарар мерасонад. Тамоми зарфҳо бояд ё керамикӣ бошанд ё пластмассӣ. Ин омили муҳим аст, ҳарчанд аксарият ба он аҳамият намедиҳанд. Агар барои ба кошонаи ҳусн рафтан вақт надошта бошед, ақаллан қоидаҳои дуруст рангкуниро истифода баред, то аз оқибатҳои нохуш эмин бимонед...
Шарҳи пурраи ин ва дигар қиссаву хабарҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи 24-уми ҳафтаномаи “Оила”, ки санаи 23-юми июни соли равон ба фурӯш баромад, мутолиа намоед. Шумораи тозанашри ҳафтаномаро аз дӯконҳои шаҳру ноҳияҳо дастрас карда метавонед.
Духтар мезоед ё писар?
Шумо ҳомиладоред? Мехоҳед донед, ки тифли батнатон духтар аст ё писар? Барои ин даҳ маротиба назди духтур рафта, УЗИ кардан шарт нест. Ҳафтаномаи “Оила” бо роҳи осон духтар ё писар таваллуд кардани шуморо муайян мекунад. Ба “Оила” занг зада, санаи таваллуд ва санаи охирини ҳайзатонро бигӯед, мо писар ё духтар будани фарзанди шуморо муайян мекунем. Телефон барои маълумоти иловагӣ: 238-52-52
“Маро танҳо нагузор”
Хонандагони азиз, мо-аҳли эҷоди ҳафтаномаи “Оила” тасмим гирифтем, ки шурӯъ аз соли 2021 қабули эълонҳоро ба маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” ба таври ройгон ба роҳ монем. Шуморо зарур аст, ки анкетаи дар ҳафтанома чопшударо хонапурӣ карда, ба идораи ҳафтанома биёред ё ирсол намоед. Ному насаби шумо дар идора махфӣ нигоҳ дошта шуда, эълони шумо бо рамз дар ҳафтанома чоп мешавад. Масъулият ва ҷавобгарии эълонҳо бар дӯши соҳибонашон гузошта мешавад. Мехоҳед шавҳари табъи дил ё зани меҳрубону бофаҳм дошта бошед? Дар ҷустуҷӯйи ҳамрозу ҳамнафасе ҳастед, аммо касе дасти шуморо намегирад? Озурда набошед, маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” дар пайдо намудани ёри мувофиқ ба шумо кӯмак мерасонад. Маврид ба зикр аст, ки то охири соли 2020 бо воситаи маҳфили шиносоии “Маро танҳо нагузор” зиёда аз 500 нафар оила барпо карданд ва аз интихоби худ розиву хушбахтанд. Умри инсон хеле кутоҳ аст ва онро набояд дар танҳоӣ сипарӣ кард. Ба ҳамин хотир, шитоб кунед, то бахти худро пайдо намоед. Суроға: хиёбони Саъдии Шерозӣ 16, бинои “Шарқи озод”, ошёнаи 11, идораи ҳафтаномаи “Оила”.
Оила ва Ислом
Агар шумо дар масъалае дармондаеду посухи дақиқ меҷӯед, ба «Оила» нависед ё занг занед. Ба саволҳои шумо намояндагони Раёсати фатвои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб мегӯянд. Пешниҳодҳои худро тариқи Viber, WhatsApp, Telegram ва Imo ба рақами 93-600-32-63 ирсол намоед ё ба рақами кӯтоҳи 238-52-52 занг занед.
СМС-ҳои ошиқона
Хонандагони азиз! Шумо метавонед тавассути ҳафтаномаи дӯстдоштаатон “Оила” рози дилатонро ба ошиқатон ва дигар касоне, ки бароятон азизанд, бирасонед. Ногуфтаҳои худро тавассути рақамҳои 985-81-89-81 ва 93-180-77-81 (Viber ва Imo) бигӯед!