“Бевагӣ аз зиндагӣ бо марди занбоз беҳтар аст”-мегӯяд Фарида
Офтобчеҳрае аз деҳаи “Офтоблиқо”
Ман Фарида Одинаева, зодаи деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб ба мухлисони “Оила”сарнавишти талхи худро нақл кардан мехоҳам, то ки ба дигарон дарси ибрат гардад ва ба қадри зиндагии поку ҳалол, ба қадри хонавода ва ба қадри хонаву дари ободи худ расида, фарзандонашонро зиндаятим насозанд.
Банда ҳамдеҳаи шоири маъруф ва ширинкалом Ҳақназар Ғоиб ҳастам. Мо натанҳо ҳамдеҳа, балки ҳамсоя низ ҳастем. Беҳуда деҳаи моро “Офтоблиқо” ном наниҳодаанд, қариб тамоми сокинони ин деҳа, махсусан занону духтаронаш бениҳоят зебо буда, ба қавле чеҳраи мисли офтоб дурахшон доранд. Банда ҳам дар давраи ҷавонӣ бисёр духтари зебо ва серхаридор будам, вале баҷавонписарон тамоман ҳусни таваҷҷӯҳ надоштам. Аз аввал дил ба ишқи Худованд дода будам ва ҳушу ёдам танҳо ба хондани китби муқаддаси қуръону тоату ибодат банд буд, вале тавре ки мегӯянд, аз тақдир аслан гурехта намешудааст.
Тӯй болои тӯй
Дар ҳамсоягии апаам зани гапдоне зиндагӣ мекард ва ҳамон зан маро барои ҷиянаш талабгор шуда, ба хонаамон хостгор овард. Касе аз аҳли хонаводаи мо ба ин кор розӣ набуд, вале шояд аз азал офаридгор риштаи тақдири маро бо ҳамон ҷавон пайваста будааст, ки падару модарам чь хел маро ба ӯ домандарон карданашонро худашон ҳам нафаҳмида монданд. Ҳамин тавр, дар як мӯҳлати кӯтоҳ якбора ду тӯй барпо шуда, ба бародарам келин оварданду маро ба хонаи бахтам гусел карданд, вале...
Маҷнуни бадрашк
Шавҳарам ба қавли худаш вақти ба хонаи холааш меҳмонӣ рафтан маро дар хонаи апаам дида, ошиқи зор шуда будааст, аммо дар зиндагӣ ситораҳоямон ҳеҷ рост наомад. Аввалҳо вай маро ҳатто ба сояи худаш ҳам рашк бурда, мурданивор лату кӯб мекард, баъдтар нағмаи нав бароварда, шабҳо ба хона намеомадагӣ шуд. Модарам ба хотири хонавайрон нашудани ман тамоми хароҷотизиндагиамро бар дӯш гирифта буд ва мудом таъкид мекард, ки тоқат кунам, як рӯз не, як рӯз ақли шавҳарам ба сараш зада,одатҳои бадашро мепартояд. Панди модарро мисли ҳалқа ба гӯш карда, ягон бор аз шавҳарам намепурсидам, ки чаро шабҳо ба хона намеояд ва шабро дар куҷо рӯз мекунад. Ба мисли дигар занҳо аз гиребонаш намегирифтам, ки ту ба назди кадом маъшуқаат рафтӣ ва бо кӣ мегардиву чӣ кор мекунӣ, вале бо ин ҳама пуртоқатӣ вай боз маро бераҳмона лату кӯб мекард. Чанд бор чунон ваҳшиёна зад, ки қариб мурда будам ва ҳафтаҳову моҳҳо дар беморхона хобидам. Аз рӯйи ин мард 6-7 бор ҷарроҳӣ шудам. Бовар кунед, ҳатто баъзе духтурҳо ба модарам мегуфтанд, ки кадом рӯз домодатон духтаратонро зада мекушад, охир чаро шумо гул барин духтарро ба ин марди муштзӯр дода, ба ҷонаш ҷабр мекунед, вале модарам “зиндагӣ пастиву баландиҳои бисёре дорад, тоқат кунад, ягон рӯз ақли шавҳараш ба сараш зада, одатҳои бадашро мепартофтагист” гӯён, даст меафшонд ва ҳамеша ба ҳама ҷабру ҷафои шавҳар сабр карданро ба ман талқин менамуд, зеро намехост, ки духтараш аз шавҳар ҷудо шуда, номи бади бевагиро бигирад.
Хотири падару модарам тоқат карда, зиндагӣ мекардам, вале азбаски шавҳарам маро бисёр лату кӯб мекард, дилам аз ин мард ях барин хунук шуда буд ва ягон зарра нисбаташ на меҳру муҳаббат доштам ва на рашк.
Посбони янга
Дар ин миён зиндагии бе рангу бӯйи мо самар дода, соҳиби ду фарзанд гашта будем ва маънии ҳаёти ман танҳо ҳамин ду кӯдакам буданд. Аз шавҳарам ягон некӣ надида бошам ҳам, бо сари хам кору бори хонаро анҷом дода, ҳамеша дар хизмати хусуру хушдоманам будам. Барои он ки ман, келинчаки ҷавон шабҳо танҳо монда натарсам, додаршӯям дар пушти гаҳвораи писарчаи ман хоб мерафт. Хушдоманам мудом маро сарзаниш карда мегуфт, ки ту чӣ хел зан ҳастӣ, ки дар куҷо будани шӯятро намепурсӣ, охир то ба кай бачаи бечораи ман туро қаровулӣ карда хоб меравад.
Ғарию пештозӣ
(Давом дорад)