Formula novemver 2024
ШАВҲАРАМРО БАЪДИ 26 СОЛ ПАС ЁФТАМ!
22.10.2020
Р. Азимӣ
9802

 

Ман модарам, соҳиби се фарзанд. Шавҳарам Насим одами замони шӯравӣ бошад ҳам, танбалӣ карда, дар ҳамон вақти серию пурӣ ҳам хуши хондан накарду деҳқон шуд. Дар хоҷагӣ кор мекарду баъди бесарусомониҳо дар қатори дигар мардон бекор монд.

Ҷавонони деҳаи Шайдон як–як ба муҳоҷират мерафтанд ва мардаки ман ҳам ба онҳо ҳамроҳ шуд. Соли 1994 Россия рафту бо ҳамин дигар аз вай хату хабар нашуд. Ҷӯраҳояш гуфтанд, ки ӯро дар поезд гум кардаанд. Чанд сол мунтазир шудем, даракаш нашуд. Зӯри ман ба хӯрондану пӯшондани фарзандонам намерасид. Аз ҳамин сабаб, писари калониам мактабро базӯр хатм карда, ба Россия мардикорӣ рафт, вале ду моҳ пас вай ҳам депортатсия шуд.

Умре аз бародаронам ёрӣ пурсиданро айб дониста, худам бо ду зани ҳамсоя ба Россия рафтам. Яке аз ҳамдеҳагонамон моро дар шаҳри Новосибирск пешвоз гирифта, ба тарабхонае бурд. Яке фаррошу дуи дигарамон он ҷо косашӯй шудем. Раиси тарабхона марди руси нармдиле буд. Ман, ки забони русиро медонистам, чанд маротиба бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, вазъи оилавиамро фаҳмондам. Маълум шуд, ки миёнарави моро ба тарабхона оварда нисфи маошамонро мегирифтааст. Раис ҳолу аҳволи маро фаҳмида, маошамро ба дастам медодагӣ шуд ва ин ба миёнарав хуш наомада, ба таҳдидкунӣ сар кард.

Дилам аз тоҷик ва хешу таборӣ сахт монд, наход одам дидаю дониста, ҳаққи фарзандони зани ситамдидаеро соҳиб шавад! Хуллас, шефи тарабхона, ки собиқ корманди милиса будааст, раҳм карда, дар ҷустуҷӯи шавҳарам ба ман ёрӣ расонд. Вай ба тамоми шуъбаҳои полиси Россия ба воситаи интернет акси шавҳарамро фиристода, дар ҷустуҷӯяш кӯмак пурсид. Аз байн чанд рӯз гузашту хушхабар расонд, ки шавҳарамро ёфтааст. Бовариам намеомад, ки мардакам зинда аст, вале акси шавҳарамро, ки ришу фашаш расида буд, дида дарҳол шинохтам. Мардакам дар бозор аробакаш будааст. Аз сабаби надонистани забон зиёд азоб кашида, хотираашро гум кардааст.

Офарин хондам ба кормандони полиси Россия, ки аз сидқи дил кор ва ҷустуҷӯ мекунанд! Раисамон гуфт, ки се рӯз пас шавҳарамро дар вокзал интизор шавам. Рафтам дар рӯзи ваъдагӣ ба пешвозаш ва баробари аз поезд фаромадан сӯяш давидам. Ришу мӯйлабаш гирифтагӣ ва либосҳои тоза дар бар дошт шавҳарам, вале маро намешинохт. Бо кӯмаки раисам падари бачаҳоямро дар беморхона хобонда, табобат кардам. Пас аз як моҳ маро мешинохтагӣ шуд.

Мо хостем ба ватан баргардем, вале дар байн крантин шуд ва роҳҳо баста гардиданду мо дар Русия дармондем. Мақсад дорем, ки баъди кушода шудани роҳҳо ҳамроҳи шавҳар ва фарзандонам ба Ашт баргашта, зиндагии ширинамонро дубора идома диҳем.

Саёҳат, аз н. Ашт

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД