Бо сад умед бахтро мунтазир будаму бо инояти Худованд билохира шоҳзодаи орзуҳоям пайдо шуд. Падарам «хостгорон аз оилаи хубанд»- гуфта маро бо Шодмон фотиҳа намуданду моҳе пас тӯйи хонадоршавии мо баргузор шуд. Шодмон ҷавони дидаро ва хушрафтор буд. Зиндагиямон ширину гуворо мегузашт, вале пайваста занг задани занону духтарҳои ношинос ҳаётамонро талх кард. Борҳо дашном медодам, ки дигар занг назананд, вале ҳеҷ зангзании духтарон бас намешуд.
«Ба ту чӣ намерасад, ки бо ин фоҳишаҳо чақ-чақ мекунӣ?! Биё зиндагиямонро талх насоз»,- гуфтам ба шавҳарам, вале дар ҷавоб «дили духтарони бегонаро ранҷондан намехоҳам, ту дигар ба ман кор нагир, ки шатта мехӯрӣ»-гӯён ҷигархунам кард. Алами дилам рӯ зада шаб то саҳар мегирям. Дар телефони шавҳарам СМС ва ММС-ҳои духтарони бероҳаро дида ҳуш аз сарам мепарад. «Наход шарафи духтарон намонда бошад?!» мегӯям худ ба худ.
Ба маъшуқаҳои шавҳарам бо воситаи «Оила» гуфтаниям: «Шарм намедоред, ки ба марди зандор занг мезанеду ба вохӯрӣ даъваташ мекунед?! Илоҳо ба ҷазои Ҳақ гирифтор шавед, беномусҳо!
Шавҳарамро ба ҳолаш гузоред!!!»
Зебунисо