Sebiston new 2024 october
Шавҳарам зани рус гирифту модараш маро аз хона меронад
30.03.2022
Mahina
1686
no-img

 

Модари шаш фарзандам, вале имрӯз пайвандони шавҳарам ману фарзандонамро аз дар берун карданианд.

Шавҳарам мардикор аст. Пештар дар як сол як бор бахона меомад, вале се соли охир бо хар бахона аз омадан ба Ватан саркашимекунад. Фарзандонам падарашонро сахт пазмон шуда, мудом «дадаҷонам кай меояд?» гӯён ҷигарамро хун мекунанд. Фарзанди хурдиям ҳар гоҳ ҳавопайморо дар осмон бубинад «очаҷон, дадаҷонам омаданд, урааа!» гӯён, аз шодї мераќсад, вале садҳо ҳавопаймоҳо гузашта рафтанду аз падари сангдилаш дарак нашуд. Болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хешу табори шавхарам бо писханд «дадат кайҳо зани урус гирифтагї, дигар ёди шуморо намекунад, беҳтараш падар доштанатонро фаромӯш кунед» гуфта бачаҳоямро ҷигархун месозанд. Духтарҳоям «дадамон дигар намеомадааст» гӯён фиғон мекашанду гиряву нолаашонро шунида дилам об мешавад.

Чанд рӯз пеш бародаронаш «шавҳарат барои пул шуда бо як зани 10- сол аз худаш калон хонадор шудааст, дигар дили бо ту зиндагӣ кардан надорад, янга» гуфта, маслихат доданд, ки асоямро ба равшанӣ занам. Ин суханҳо мисли теғ ба ҷигарам расиданду гириста-гириста ба хона даромадам. Хушдоманам ба ҷойи маро дилбардорӣ намудан бо қошу қавоқи гирифта дод зад:

-Дигар дар ин хона барои шумоён ҷой нест! Ҳозир баромада равед!

Дар чавоб гуфтам, ки ман аз писари онхо шаш фарзанд дорам ва бо ин қадар кӯдак дар ягон ҷо рӯзам намегузарам, вале модаршӯям ба ғазаб омада «аз бачаи худам чӣ дидам, ки аз бачаҳои ту бинам» гӯён, маро ҳакоратборон кард.

Аз ҳамон рӯз кампир худ аз худ бо ман кахри шудааст, на ҳамрохам гап мезанад ва на хӯроки пухтаамро мехӯрад. Ба фарзандонам ҳам рӯи хуш намедихад. Як гапро тути барин такрор карда истодааст, ки падаратон дигар намеояд, аз ин хона баромада равед.

Падар надорам, бародаронам базур аробаи зиндагиашонро мекашанд. Савод ва касбу ҳунар надорам, ки дар ягон ҷо кор карда худам рӯзи шаш фарзандамро гузаронам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД