sebiston july new
Шавҳарам дар Русия бе кор асту ман инҷо хору зор
09.09.2023
ОИЛА
1718


Салом. Ман Фариза, сокини шаҳри Душанбе. Соҳиби як писарча ҳастам ва бар замми ин, боз ҳомиладорам. Ба маслиҳат ва кӯмаки шумо ниёз дорам.

Ҳомилагӣ боиси камқувватию камхуниам гаштааст, бар замми ин, миёндард ва дарди гурда дорам. Вақте аз назорати духтур гузаштам, духтурҳо “ин ҳолат барои зани ҳомила бисёр хатарнок аст” гуфта, дорую дармони зиёде навиштанд, вале бо сабаби хонашин буданам, имконияти харидани доруҳои фармудаи табибонро надорам.

Хусуру хушдоманам ба ман доруву дармон харидан намехоҳанд. Мегӯянд, ки “тоқат кун, зиндагӣ ҳамин аст, хайр дард мекунад, чо мекунӣ. Мо пули зиёдатӣ надорем, ки барои ту дорую даво харем. Форад ҳамин, нафорад баромада рав...” Падару модари худам пиранд ва барои ба ман дорую дармон харидан на пул доранду на имконият.

Шавҳари муҳоҷирам чанд моҳ боз дар шаҳри Маскав бе кор гаштааст ва пуле надорад, ки чипта харида, ба Ватан баргардад. Ба фикри шумо ман бояд чӣ кор кунам? Сабр кунам, аз пойи равон мемонам. Ягон кас имконияти кӯмак кардан надорад? Агар дошта бошед, илтимос ба хотири писаракам кӯмаки худро аз ман дареғ надоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-09-09, 09:58
Бе адрес чи гуна кумак кунем ягон адрес гузоред шояд кумак кунем
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Мухлис 2023-09-09, 09:58
Бе адрес чи гуна кумак кунем ягон адрес гузоред шояд кумак кунем
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД