Салом ба муштариёни сомонаи Оила. ТЧ! Ман Фароғат аз шаҳри Норак мехоҳам дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат бипурсам. Ману шавҳарам бо интихоби волидонамон хонадор шуда, ҳамдигарро бори аввал шаби никоҳ дар таги чодари арӯсӣ дидем. Ростӣ шавҳарам бисёр йигити зебо аст, аз ҳамин хотир аз нигоҳи аввал ман ӯро дӯст дошта, ошиқи чашмони сиёҳу абрувони пайвасташ шуда мондам. Худоро шукр мегуфтам, ки чунин ҷавонмарди базебро насибам гардонидааст, вале баъди тӯй маълум шуд, ки шавҳарам булҳавас ва бевабоз будааст. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали зиндагиамон вай ба ман хиёнат карда, то нимаҳои шаб бо занҳои бегона телефонӣ чақ-чақ мекард. Бисёр вақт аз рӯйи ҳамон духтарҳои бероҳа ҷангу ҷанҷол мешудем ва шавҳарам маро лагадкӯб мекард, вале мудом шаттаю шаллоқ хӯрам ҳам, ман ӯро аз ҷонам бештар дӯст медоштам. Барои он ки зиндагиам вайрон нашавад, сари кафида таги тоқӣ гуфта, сирру асрори хонаро намебаровардам. Чанд бор модарам меҳмонӣ омада, сару рӯйи сиёҳу кабудамро диданду сабаб пурсиданд, аммо баҳона карда мегуфтам, ки сарам чарх зада, афтидам. Метарсидам, ки агар волидонам маро задани шавҳарамро фаҳманд, ҷангу ҷанҷол мекунанд ва шавҳарам талоқамро дода, маро аз хона меронад.
Хулласи калом ба ҳама азобҳо тоқат карда, соҳиби ду фарзанд гаштам. Духтарчаам сесолаву писарчаам нав нӯҳмоҳа аст. Шавҳарам шаш моҳ пеш ба Русия рафта бошад ҳам, ягон тин пул намефиристад. Аз як хешамон, ки писараш ҳамроҳи шавҳарам кор мекунад, фаҳмидам, ки падари фарзандонам як беваашро ҳамроҳаш ба Русия бурдааст ва тамоми пули кор мекардаашро ба ҳамин зан сарф карда истодааст. Бовар кунед, чунон аз рашк оташ гирифтаам, ки ҳоламро фақат худам медонаму худованд. Чанд шабу чанд рӯз боз на хоб дорам, на орому қарор. Мехоҳам тилловориҳоямро фурӯхта чиптаи ҳавопаймо харам ва ба Русия рафта, шавҳарамр бо маъшуқааш боб кунам, аммо метарсам, ки мабодо дар сари қаҳр талоқамро надиҳад. Аз тарафи дигар ман як зани деҳотӣ ҳастам ва ягон бор аз ҳудуди Тоҷикистон берун набаромадаам. Намедонам, ки дар мулки бегона шавҳарамро ёфта метавонам ё не. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам? Фарзандонамро ба бибию ббояшон монда шавҳаркобӣ равам ё не?
Фароғат аз ш. Норак