Салом! Дирӯз дар сомонаи Oila.tj номаи як зани тоҷикро таҳти унвони “Ба умеди шӯйи мардум нашавед, духтарҳо” хондаму дилам беихтиёр ба дард омад, чунки шавҳари ман ҳам марди духтарбоз ва хиёнаткор аст. Аз ҳамин хотир мехоҳам тақдири талхамро нақл кунам.
Ману шавҳарам замоне ошиқи шайдои якдигар будем. Барои он ки маро аз даст надиҳад, дар вақташ вай чандин ҷавонони дигарро, ки ба хонаи мо хостгор равон карда буданд, зери мушту лагад гирифта, бо садҳо талошу мубориза ба мақсад расида буд. Волидонам хирагии ин ошиқи шайдоро дида, пас аз 5-6 маротиба пай дар пай хостгор равон карданаш розигӣ доданд ва ҳамин тавр бо тӯю тамошо тақдирамонро ба ҳам пайвастем.
Зиндагиамон аввалҳо хуб буд, тавлиди 3 фарзанд ҳаёти моро торафт ширинтар менамуд, вале баъди он ки каме пулдор шуд, шавҳарам ба духтарбозӣ сар кард. Вай пули ёфтаашро сарфи занҳои бегона намуда, аз худаш шоҳзода метарошид,вале оқибат касофатии бадгаштиаш асар карда,ба гирдоби қарзу қавола ғӯтид. Қарздорон ҳар рӯз ба сари шавҳарам меомаданд. Маҷбур шудем, ки хонаамонро фурӯхта, қарзи мардумро баргардонем.
Акнун мо бехона ҳастем ва иҷора мешинем. Шавҳарам бе кор аст, вале гоҳ-гоҳ бо корҳои майда-чуйда машғул шуда,як сум ним сум меёбад. Барои сари вақт надодани иҷорапулӣ аз чанд иҷорахона моро берун карданд, аммо ақли шавҳари беандешаам ҳеҷ ба сараш назад, ки назад. Ӯ то баҳол духтарбозиашро идома дода истодааст. Шавҳари булҳавасам бо Нигина ном духтари 18-20 сола ишқварзӣ мекунад. Зиндагиамон вазнин аст, баъзан кӯдаконам нони серӣ намеёбанд,ки хӯранд, аммо падари занбозашон дар 8-уми март барои маъшуқааш ангуштарини тиллоӣ харидааст. Ростӣ ин гапро шунида хун ба сарам заду бо шавҳарам ҷанг шудам. Медонед ин марди ҳавасбоздар ҷавоб чӣ гуфт? Гуфт, ки ман барои ту шуда, ҳаргиз аз баҳри гулғунча барин духтари ҷавону зебо намегузарам. Хоҳӣ ҳамин, нахоҳӣ чор тарафат қибла, бачаҳоятро гиру баромада рав!
Чанд рӯз боз дилам хун аст, вале бо 3 фарзанд ба куҷо ҳам меравам...
Насиба,сокини ш. Душанбе